“Куҷо аст оромӣ ва сулҳу осоиштагӣ—барои халқи мо, хонаводаҳои мо ва пеш аз ҳама барои дилу ақли мо?” Ин доди ноилоҷӣ давоми асрҳо садо медиҳад. Оё дар дилат ҳам ин дод ҳаст?
Одамон дилхаста ва пуризтироб ҳастанд. Бешубҳа одамон мӯҳтоҷи роҳнамоӣ, маслиҳат, бехатарӣ ва дилпурӣ ҳастанд. Мо мӯҳтоҷу хоҳони оромии ҷонӣ ҳастем.
Оромии ҷонӣ—чӣ ганҷе аст! Оё ин ганҷро дар ҷаҳоне, ки он қадар низоъ, ноумедӣ, бетартибӣ ва нороҳатӣ зиёд аст, ёфтан мумкин аст?
Ҷустуҷӯи бузург сар шуд! Одамони зиёд оромиро дар шуҳрат ва сарват, дар ҳаловат ва қудрат, дар илм ва дониш, дар муносибат бо одамон ва хонадоршавӣ меҷӯянд. Баъзе одамон мехоҳанд сари худро бо дониш ва ҳамёни худро бо сарват пур кунанд, лекин ҷонашон холӣ мемонад. Дигарон кӯшиш мекунанд, ки аз воқеияти зиндагӣ бо итифода аз нашъа ва арақхӯрӣ гурезанд, лекин оромие, ки онҳо меҷӯянд, аз онҳо ҳама вақт дур мешавад. Онҳо то ҳол холӣ ва танҳо ҳастанд, то ҳол дар олами серташвиш бо ақли серташвиш ҳастанд.
Одам дар парешонӣ ва бесарусомонӣ
Худо одамро офарид ва ӯро дар боғи зебо гузошт, то ки аз оромӣ, шодию хушбахтии комил ҳаловат барад. Аммо вақте ки Одаму Ҳавво беитоатӣ карданд, ҳисси айб дарҳол ба онҳо зарба зад. Пеш аз ин онҳо иштиёқманди ҳузури Худо буданд, лекин акнун онҳо дар ҳиҷолат пинҳон шуданд. Ҳисси айб ва тарс ҷои оромию хушбахтии пештарро гирифт. Гуноҳи одам оғози олами серташвиш—ва ақли серташвиш шуд.
Ҳатто агар ҷони мо хоҳони Худо аст, лекин табиати гуноҳкорамон бар зидди роҳҳояш исён мекунад. Аз барои ин муборизаи дарунӣ фишор ва парешонӣ ба вуҷуд меояд. Вақте ки мо мисли Одаму Ҳавво дар орзую хоҳишҳои худамон худпараст мешавем, мо пурҳаяҷон ва қаҳролуд мешавем. Чӣ қадаре ки мо зиёдтар ба худамон таваҷҷӯҳ медиҳем, он қадар ташвишамон зиёдтар мешавад. Номуайяниҳои зиндагӣ ва олами фосиду тағирёбанда бехатарии моро такон медиҳад ва оромии моро вайрон мекунад.
Ҳатто агар ту нафаҳмидӣ ё қабул накардӣ, лекин гуноҳ метавонад сабаби ташвишу нооромии ту бошад. Одамони бисёр оромиро дар байни чизҳои берунӣ ва моддӣ меҷӯянд. Онҳо олами серташвишро барои ақли серташвишашон айбдор мекунанд. Лекин онҳо ба даруни дилашон нигоҳ намекунанд.
Исои Масеҳ, Мири осоиштагӣ
То даме ки ҳама ҷанбаҳои ҳаётамон бо Ҳамоне, ки моро офарид ва мефаҳмад, ба мувофиқа набиёяд, ягон оромию осоиштагӣ намешавад. Ин фақат он вақт мумкин аст, ки агар пурра худро ба Масеҳ супорӣ. Ӯ на фақат соҳиби ҷаҳон аст, лекин ҳаёти моро аз аввал то охир медонад. Вақте ки Ӯ ба дунё омад, Ӯ дар бораи мо фикр мекард: “то ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад” (Инҷили Луқо 1:79).
Исо ба ҷои торикӣ нур, ба ҷои ҷанҷол оромӣ, ба ҷои ғаму ғусса хурсандӣ, ба ҷои маъюсӣ умед ва ба ҷои марг ҳаёт медиҳад. Ӯ дар Инҷили Юҳанно 14:27 мегӯяд: “Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам... Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.”
Тавба ба ҷонамон оромӣ мебиёрад
Вақте ки ту ҳис мекунӣ, ки бори вазнини гуноҳ туро зер мекунад, ҳалли мушкилӣ дар ин аст: “Тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад” (Аъмоли ҳаввориён 3:19). Исо туро ба ин саргузашти муҳимтарину тақдирсоз даъват мекунад. “Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид” (Инҷили Матто 11:28). Дар 1-ум Юҳанно 1:9 ваъда дода мешавад: “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.” Оё ту даъвати Ӯро қабул мекунӣ?
Вақте ки ту ба назди Исо мебиёӣ, ту бахшиш ва озодӣ пайдо мекунӣ. Муҳаббат ва марҳамат ба ҷои ғазаб ва нобахшиш дилатро пур мекунад. Агар Исо дар дилат ҳукмрон бошад, ту душманони худро дӯст медорӣ. Ин бо қуввати хуни кафоратдиҳандаи Масеҳ имконпазир аст.
Оромии доимӣ
Барои одами масеҳӣ имон ба Худо ва боварӣ ба ғамхории Ӯ даво зидди тарс ва изтироб аст. Ба Худои тағирнашаванда, ки азал то абад аст, бовар кардан чӣ қадар оромибахш аст. Ӯ моро дӯст медорад ва ҳамеша барои мо ғамхорӣ мекунад. Пас чаро ғам хӯрем ва ошуфтаҳол бошем? Аз рӯи гуфтаҳо дар 1-ум Петрус 5:7 рафтор кун: “Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.” Инчунин ба мо ваъда дода шудааст: “Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.” (Ишаъё 26:3).
Вақте ки Исо дар дили ту бошад, он гоҳ ҷустуҷӯи оромиат ба охир мерасад. Ӯ ба ту оромӣ ва сулҳу осоиштагие медиҳад, ки фақат аз бовар кардан ба Ӯ меояд. Он вақт ту ҳамроҳи шоир инро гуфта метавонӣ:
Дар ҷое ки сулҳ нест, ман сулҳро медонам
Оромиро дар ҷое, ки бодҳои шадид мевазад,
Ин чои ниҳоне, ки дар он бо Хӯҷаини худ
Рӯ ба рӯ мешавам.
-Ралф Спалдинг Кушман
Дар олами серташвиш ту барои ҷонат оромӣ пайдо мекунӣ! Дари дилатро ба Масеҳ кушо—худи ҳозир—ва рӯзе Ӯ дари осмонро ба рӯи ту мекушояд, ки дар он ҷо оромии комил абадан ҳукмрон мешавад.