Исо дӯсти ту аст
Ман дӯсте дорам. Ӯ дӯсти беҳтарин аз байни ҳамаи дӯстоне, ки ман пеш аз он доштам. Ӯ он қадар некдилу вафодор аст ва ман мехоҳам, ки ту низ бо Ӯ шинос шавӣ. Номаш Исо. Аҷоибаш он аст, ки Ӯ мехоҳад дӯсти ту шавад.
Биё ман ба ту дар бораяш нақл кунам. Мо дар бораяш дар Китоби Муқаддас хонда метавонем. Китоби Муқаддас ҳақиқат аст. Он Каломи Худо аст.
Худо тамоми ҷаҳону ва ҳар чизеро, ки дар он аст, офарид. Ӯ Худованди осмону замин аст. Ӯ ба ҳама чиз ҳаёту нафас мебахшад.
Исо Писари Худо аст. Худо ӯро аз осмон ба замин фиристод, то ки Наҷотбахши мо шавад. Худо ҷаҳонро он қадар дӯст дошт (яъне Худо ману туро дӯсто дошт), ки Писари ягонаи худро, Исоро фиристод (ки барои гуноҳҳоямон ҷон диҳад), то ҳар ки ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. (Инҷили Юҳанно 3:16)
Исо ба замин ҳамчун кӯдаки хурдакак омад. Падару модараш дар замин Юсуфу Марям буданд. Ӯ дар оғил таваллуд шуд ва ӯро дар охур хобонданд.
Исо дар хонаи Юсуфу Марям калон шуд ва ба онҳо гапдаро буд. Ӯ додарону хоҳарон дошт ва ҳамроҳашон бозӣ мекард. Ӯ ба Юсуф дар корхонаи дуредгариаш ёрӣ мерасонд.
Вақте ки Исо калон шуд, Ӯ мардумро дар бораи Падари осмониаш таълим медод. Ӯ ба онҳо нишон медод, ки Худо онҳоро дӯст медорад. Ӯ беморонро шифо дода, дилшигастагонро тасаллӣ медод. Ӯ дӯсти кӯдакон буд. Ӯ мехост, ки кӯдакон ба вай наздик бошанд. Ӯ барои кӯдакон вақт дошт. Кӯдакон Исоро дӯст медоштанд ва ба онҳо маъқул буд, ки ҳамроҳи Ӯ бошанд.
Баъзе одамон Исоро дӯст намедоштанд. Онҳо аз Ӯ ҳасад мебурданд ва ҳатто аз Ӯ нафрат доштанд. Онҳо аз Исо он қадар нафрат мекарданд, ки мехостанд Ӯро бикушанд. Як рӯзи дахшатовар онҳо Исоро ба салиб меҳкӯб карда, ӯро куштанд. Исо ягон кори нодуруст накард. Ӯ ба ҷои мо мурд, чунки ману ту гуноҳ кардаем.
Саргузашти Исо бо маргаш тамом нашуд. Худо Ӯро за мурдагон зинда кард! Пайравонаш Ӯро боз зинда диданд. Баъд рӯзе Исо гашта ба осмон рафт.
Имрӯз Исо туро дида ва шунида метавонад. Ӯ ҳама чизро дар бораи ту медонад ва бароят ғамхорӣ мекунад. Ба Ӯ дуо хонда, ба наздаш биё. Ҳамаи ғаму ғуссаҳои худро ба Ӯ нақл кун. Ӯ тайёр аст ба ту ёрдам кунад. Ту ҳама вақт ва дар ҳар ҷо метавонӣ саратро хам карда, бо Ӯ гап занӣ.
Рӯзе Исо бармегардад! Исо ҳамаи он касонеро, ки ба Ӯ бовар мекунанд, ҳамроҳаш ба осмон мегирад.