Хонаи азиз
Дар Китоби Муқаддас барои мо нақшаи хонадон дода шудааст, ки зебо ва мустаҳкам сохта шудааст ва муҳити форам дорад. Хона метавонад ҷои хушоҳангию хушнудӣ бошад ё ҷои фишору ҷанҷол бошад. Оё хонаи ту хушбахту мустаҳкам аст ва аз тӯфонҳои зиндагӣ гузашта метавонад?
Хона қисми муҳими ҷомеа аст. Худо онро барои рушди рӯҳонӣ, хушбахтии эҳсосӣ ва қаноатмандии ҷисмониамон таъин кардааст. Нақшаи Худо ҳама вақт он буд, ки аъзоёни хонавода ба якдигариашон хурсандӣ биёранд ва оила бояд дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад.
Чаро баъзе хонаводаҳо бадбахтанд
Пас чаро бисёр хонаводаҳо бадбахтанд? Чаро онҳо аз барои носозӣ, ҷудоӣ ва талоқ шикаста ҳастанд? Ин аз барои он, ки онҳо нақшаи Худоро барои оилаашон қабул накардаанд. Дар Каломи Худо масолеҳои даркорӣ барои хонаводаи хушбахт ҳаст. Он хонаводаҳое, ки дар асоси Каломи Худо сохта шудаанд, ҷои муҳаббат, боварӣ, манфиатҳои муштарак ва хизмати беғараз ба якдигарашон мебошад. Чунин хонаводаҳо ба зиндагиамон хушбахтӣ мебиёрад ва ҷомеа ва мардуми моро нигоҳ медорад. Оё ту нақшаи Худоро, Меъмори калонро пайравӣ мекунӣ? «Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд.» (Забур 126:1).
Таҳкурсӣ барои хонаводаи ояндаамон дар ҷавонӣ сохта мешавад. Ҳаёти пок пеши Худо ҳиссаи муҳими тайёршавӣ ба оиладорӣ аст. Зиндагии гуноҳкорӣ пеш аз оиладор шудан мустаҳкамии ахлоқиро коста мекунад ва хонаводаи ояндаро зери хавф мегузорад. Агар дар аёми ҷавониамон мо худро ба марказ гузорем ва дар худпарастӣ нозу ҳавасҳои худро қонеъ гардонем, он тарзи зиндагии моро муайян мекунад, ки дар вақти оиладоршавӣ зарбаву зарари сахт мерасонад. Фоизи баланди талоқшавӣ исботи хуби ин далелҳо аст. Одам бояд пурра барои ин гуноҳҳояш тавба кунад пеш аз он, ки ҳаёти нав дар Масеҳ пайдо кунад. Фақат баъд аз он ту метавонӣ гузаштаро фаромӯш кунӣ ва Худо бо баракатҳояш ба ҳаёти ту меояд.
Оила ҳамон вақт сар мешавад, ки зану мард дар ақди никоҳ пайваст мешаванд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо бояд “фақат дар Худованд” оиладор шавем (1-ум номаи Қӯринтиён 7:39). Ин маъно дорад, ки ҳам мард, ҳам зан бояд ҳаёт ва хости худро ба Худованд супоранд. Худо бояд дар ҷои якум бошад. Агар зан ё шавҳар, ё ҳар дуи онҳо худпараст бошанд, пас асоси хушбахтии дутарафа дар куҷост?
Оиладор шудан дар Худованд
Оиладор шудан “дар Худованд” на фақат маъно дорад, ки зану мард масеҳианд, лекин инчунин маъно дорад, ки Худованд онҳоро сӯи якдигарашон роҳнамоӣ мекунад. Шаҳват, кашиши ҷисмонӣ ва ошиқии кӯр-қӯрона оғози сусти хонадорӣ аст. Агар инҳо асоси ҷалбшавии зану мард бошад, баъд аз оиладор шуданашон дилхунукӣ ва ҷанҷол ба вуҷуд омада метавонад. Агар мо аз Худо хоҳиш кунем, ки Ӯ интихобҳои моро роҳнамоӣ кунад, пас Худо дар ҳикматаш барои мо ҳамсаре, ки барои мо на фақат барои имрӯз, лекин барои солҳои меомадагӣ лозим аст, пешбинӣ мекунад. Худованд одамонро бо табъу феъли гуногун интихоб карда метавонад, ки якдигарро мукаммал мекунанд, ва дар натиҷа як чизи бутун бо мувозинати хуб пайдо мешавад. “Ва ҳар ду як тан мешаванд” (Инҷили Марқӯс 10:8).
Оиладоршавӣ бояд пайвастагии якумра бошад ва на фақат шартномаи ҳуқуқӣ. Исо ин аҳкоми возеҳро додааст: “Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад” (Инҷили Матто 19:6).
Тартиби Худо
Хона ин як ҷомеаи хурд аст ва монанди ҳар ҳиссаи иҷтимоӣ барои он тақсимшавии соҳаҳои масъулият лозим аст. Худо ба мо нақшаи ин тартибро дар Китоби Муқаддас додааст. Ин чорчӯбаи салоҳияту вазифаҳо аст ва агар мо онро риоя кунем, он ба хонаи мо тартибу хушбахтӣ мебиёрад. Аз рӯи ин тартиб масъулияти калонтарин аввал бар души шавҳар аст, пас болои зан ва баъд кӯдакон аст. (Инчунин 1-ум номаи Қӯринтиён 11:3; Эфсӯсиён 5:22-24-ро хонед). Вақте ки Худо ягон принсипро муқаррар мекунад, он вайроннашаванда мешавад. Агар ба ин тартиби муқарраршуда итоат накунем, ин ба мо ғаму ғусса мебиёрад. Аз дигар тараф Худо онҳоеро, ки итоат мекунанд, бо росткорӣ, хурсандӣ ва файз баракат медиҳад.
Ҳангоми оиладор шудан зану шавҳар иттиҳодеро оғоз мекунанд, ки дар он ҳар яктои онҳо вазифаю ӯҳдадории худро дорад. Ҳар яки онҳо бо вазифа ва қобилияти табииашон лозим ҳастанд, то ки хонаро мукаммал кунанд. Касе бояд роҳбариро бар души худ гирад; ва Худо ин мавқеро ба мард вогузоштааст. “Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст.” (Эфсӯсиён 5:23). Чунин муҳаббат бо рӯҳияи фидокорӣ пур аст. Ин муҳаббати ғамхорона аст, ки аз барои он шавҳар ба занаш “мисли ҷисми худ” (Эфсӯсиён 5:28) рафтор мекунад. Шавҳари пурмеҳр ба занаш чунин рафтор намекунад, ки гӯё ки занаш аз вай пастар аст. Баръакс ӯ ба занаш бовар мекунад ва маслиҳати ӯро пурсида, ба воситаи муҳаббаташ ӯро шарики ҳақиқии худ мекунад.
“Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед” (1 Петрус 3:1). Вақте ки зан роҳбарии шавҳарашро дар хона пайравӣ мекунад, ҳангоме ки шавҳараш Масеҳро итоаткорона пайравӣ мекунад, ин гуна хона паноҳгоҳи сулҳу осоиштагӣ ва қаноатмандӣ мешавад. Дар Эфсӯсиён 5:33 гуфта шудааст: “ва зан шавҳари худро эҳтиром кунад”. Зиддият ба ин принсип ба хонаҳои имрӯза бисёр мусибат овардааст. Саркашӣ аз ин принсип на фақат ба ҳаёти оилавӣ ҷангу ҷанҷол мебиёрад, лекин инчунин ба дили зан муқобилати рӯҳонӣ меоварад.
Ҷои кӯдакон
Мо одатан фикр мекунем, ки кӯдакон поку бегуноҳанд. Лекин, ҳама одамон бо табиати гуноҳкорӣ таваллуд мешаванд. Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, табиати худпарастиаш зиёдтару зиёдтар намудор мешавад. Агар падару модараш ин феъли фарзандашонро ҷазо надиҳанд, ӯ худаш ба сари худ ва дигарон бадбахтӣ меоварад.
Вазифаи фарзанд итоат кардан ба падару модараш аст. “Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст.” (Эфсӯсиён 6:1). Мисоли комили ин итоаткорӣ дар ҳаёти Исо дар вақти кӯдакиаш қайд шудааст. “Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд.” (Инҷили Луқо 2:51). Вақте ки фарзандон ин қоидаи итоаткорию тобеиятро риоя мекунанд ва он дар хона одатӣ мешавад, падару модар ва кӯдакон хушбахттар мешаванд ва хонаашон ҷои дилписандтар мешавад.
Вақте ки одамон тартиби Худоро пайравӣ мекунанд, падару модарон барои фарзандонашон зиндагӣ мекунанд, фарзандон - барои падару модаронашон, ва ҳамаашон барои Худо зиндагӣ мекунанд. Чунин хонаводаҳо барои ҷомеаи мо баракат ва барои мардуми мо шаъну шараф мешаванд.
Бисёр одамони ҷавон нашъамандӣ мекунанд, ё дар фикри нозу ҳавасҳояшон, либоси зебо ва роҳаткунию вақтхушӣ ҳастанд. Онҳо асири ҷомеаи босуръат ҳастанд ва арзишу ахлоқро дур меандозанд. Як вақтҳо ин арзишҳо ҷомеаи моро мукаммал ва мустаҳкам мекард. Шояд аз барои набудани хонаи орому хушбахт одамони ҷавон нороҳату норозӣ ҳастанд? Ту барои ҳалли ин масъала чӣ кор карда метавонӣ? Оё ягон бор ба фикрат меомад, ки обод кардани хонаат аз ту ва вафодории дилат ба Худо вобастааст?
Масеҳ таҳкурсӣ аст
Агар мо хоҳем, ки хонаи боқуввату хушбахт созем, Исои Масеҳ бояд таҳкурсии он бошад. Шояд борон борад ва тӯфон ба хона зарба занад, лекин бо Масеҳ он истодагарӣ карда метавонад (Инҷили Матто 7:24-27). Масеҳ ба мо роҳнамоӣ, қувват ва ҷасорат мебахшад, ки аз барои он хонаи мо дар ин ҷаҳони золиму дилсард комёб ва хушбахт мешавад. Исо хонадӯст буд ва Ӯ тайёр аст ба хонаи ту биёяд. Ӯ мегӯяд: “Инак, назди дар истода, тақ‐тақ мекунам” (Ваҳӣ 3:20). Аввал, Ӯ ба дари диламон ва баъд ба дари хонаамон тақ-тақ мекунад. Оё мо Ӯро роҳ медиҳем?
Хонаи хушбахт дар диламон сар мешавад. Дар хонаи мо ҳеҷ вақт оромии ҳақиқӣ намешавад, агар дар диламон оромӣ набошад. Вақте ки мо ба Худо бовар мекунем ва ба Ӯ такя мекунем, мо метавонем ҳар рӯз аз болои хашму асабоният ва дилхунукӣ ғолиб бароем. “Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.” (Ишаъё 26:3).
Оилаи Худотарс ҳамроҳ барои дилашон, хонаашон ва барои мӯҳтоҷиҳои ҷомеаашон дуо мехонад. Дуохонӣ оиларо пайваст мекунад. Ин гуфта дуруст аст: “Оилае, ки якҷоя дуо мехонад, якҷоя мемонад”.
Ба нақшаи Худо барои ҳаёту хонаат бовар карда, онро қабул кун. Дари дилатро барои Масеҳ кушо. “Имрӯз агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед” (нома ба Ибриён 3:7-8). Худованд мехоҳад дилу хонаатро баракат диҳад. Бо тамоми дилат ба Худованд рӯ овар ва вафодор бимон. Рӯзе Ӯ дари хонаи осмониро барои ту мекушояд, ки дар он хушбахтӣ ва оромии комил туро абадан пур мекунад.