Фаҳмидани усулҳои шайтон ба воситаи рӯшноии Каломи Худо
Мақсади Китоби Муқаддас дар он нест, ки ба шайтон ва корҳояш диққати моро ҷалб кунад. Лекин, мо бисёр чизҳоро дар Китоби Муқаддас мехонем, ки хислату корҳои шайтонро фош мекунад.
Боре шайтон фариштае буд, лекин вай бар зидди Худо, офарандаи худ, исён кард ва мехост монанди Худо шавад. Тарзи кори подшоҳии торики шайтон нав нест. Давоми асрҳо кӯшиши вай дар рақобат кардан бо Подшоҳии Худо буд. Вай ба ҷои он чизҳое, ки Худо ба воситаи қуввати Рӯҳи Муқаддас иҷро мекунад, чизҳои қалбакӣ пешниҳод мекунад.
Дар китоби Хуруҷ дар бораи қуввати ҷодугарони Миср нақл мешавад, ки мехостанд мӯъҷизаҳои Худоро, ки Мусо кардааст, такрор кунанд. Дар китоби Айюб навишта шудааст, ки шайтон аз барои вафодор будани Айюб ба Худо бисёр ҳасаднок шуд. Вай аз золимӣ ва маҳрумкунӣ истифода бурд, то ки Айюбро маҷбур кунад, ки аз Худо рӯй гардонад.
Усулҳои шайтон аз инҳо иборат ҳастанд: тарс, таҳдидҳо, ваъдаҳои ҳаловат ё қудрат, маҷбуркунӣ ва шакку шубҳа. Баъзе аз он чизҳое, ки вай дар аввал пешниҳод мекунад, ба мо бисёр шавқовар ва дилкаш намуда метавонанд. Вай пешниҳод мекунад: “Оё ту ояндаро донистан мехоҳӣ ё донише дошта бошӣ, ки ягон одами дигар надорад?” Шояд вай давоеро пешниҳод кунад, ки аз доираи илм берун бошад. Шояд нуҷум ва фолбинӣ хеле беайб менамояд, лекин баъд сухан ё формулаи сеҳрнок, гиромидошти рӯзҳои муайян ва тарс аз рақамҳои бетолеъ меояд. Вай фикреро медиҳад, ки арвоҳи муайянро бояд эҳтиром кард ва тарсид, чунки онҳо аз болои мо қудрат дошта метавонанд. Шайтон бо ин роҳ одамони бемулоҳизакорро ба дом меандозад, то ки онҳо аз вай ва девҳояш тарсанд.
Хеле одамони бисёр аз барои кунҷковиашон ба чизҳое, ки дар аввал безарар намуданд, ба дом афтоданд. Аз барои хоҳиши санҷидани фолнома ё фолбинӣ аз рӯи рахҳои даст ва боз бисёр дигар роҳҳои монанд, онҳо худро ба рӯҳҳои шарир осебпазир мекунанд, то ки онҳоро боз ҳам зиёдтар азоб диҳанд.
Ҳадафи шайтон вайрон кардан ва дар охир нобуд кардани имони масеҳиён ба Худо аст. Вақте ки имондори масеҳӣ ба Масеҳ ва танҳо ба Ӯ имон меоварад, ғалабаро ба даст меорад. Хоҳиши донистани чизҳои номаълум ё хоҳиши баднафси қудрат одамонро водор мекунад, ки он корҳоеро санҷанд, ки дар доираи корҳои шайтон аст. Вақте ки одам дар байни чизҳои номаълум ба Худо бовар мекунад, ин оромӣ мебахшад ва ӯро пурра ба қуввати Масеҳ мутмаин мекунад.
Он чизе, ки аз кунҷковӣ ё озмоиш сар шуд, ба зудӣ одамонро ба доми тарс меандозад – тарс аз он чизҳое, ки рӯй дода метавонад, тарс аз қувваҳои бузургтар, тарс аз одамони дигар, тарс аз худи шайтон. Ин тарс одамеро, ки ба худ иҷозат додааст ба ин амалҳои шубҳанок ҷалб шавад, мепечонад. Шайтон мегӯяд, ки даво бар зидди ин тарсро дорад. Ӯ қудрати бештар пешниҳод мекунад, агар ягон кас худро ба расму оини муайян тобеъ шавад. Вай мегӯяд, ки тарсро аз арвоҳи дигар бо он безарар кардан мумкин аст, агар бо рӯҳҳо ё қувваи боз ҳам қавитар гирифтор шавӣ. Ин тавр одам ба сатҳи ояндаи қудрат мерасад ба ҷои он, ки сатҳи баландтари оромиро ба даст биёрад, ва ин ба афтодани беист ба чуқурии қабоҳати шайтонӣ меоварад. Маълум мешавад, ки он бехатарие, ки шайтон ваъда медиҳад, ҳамеша дастнорас аст, ва лозим мешавад, ки аз қувваҳои боз ҳам болотар дар ин доираи шарир муҳофизат биҷӯӣ. Ин системаи парастиши шайтон аст.
Нақшаи шайтон дар он аст, ки Худоро аз миён барад. Шайтон ҳамчун фаришта барои Худоро парастиш кардан офарида шуд, на барои он ки варо парастиш кунанд. Вай қудрати олӣ нест; вай наметавонад ба Барраи Худо дастболо шавад; вай бехатарӣ дода наметавонад; вай шавқманди беҳбудии мо нест. Лекин вай ба ҳар ҳол беист амал мекунад, ки қудратро болои одамон истифода барад, то ки онҳоро ба тобеияти худ дарорад. Вай кӯшиш мекунад, нисбати Худо ва Подшоҳиаш нобоварӣ ба вуҷуд биёрад. Вай ҷидду ҷаҳд мекунад, ки ташкилотеро барпо созад ва худаш сардори он бошад. Инро ба воситаи системаи тарс ва фиреби қудрат мекунад. Вай корнамоиҳо мекунад, то ки дар ақли одамон тарс пайдо шавад (2-юм Қӯринтиён 11:14-15). Таъсири ин система дар он аст, ки дар байни одамон, хонаводаҳо ва кишварҳо оромию бехатариро нобуд кунад. Вай одамонро асир мегардонад ва онҳоро маҷбур мекунад, ки худро зери хатари ҷиддӣ ҳис кунанд, агар кӯшиш кунанд аз вай халос шаванд.
Шайтон душмани сангдилтарин, аз ҳама баднияттарин, аз ҳама бадқасдтарин, аз ҳама даҳшатовартарини туст. Вай тамоман ягон номус надорад. Вай дурӯғгӯй аст. Дар вай ростӣ нест - “Вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст” (Инҷили Юҳанно 8:44). Вай қотил, вайронкор аст. Вай муҷассамшавии нафрат ва бадӣ аст. Вай комилан дар ботинаш шарир аст ва як қатраи некӣ ҳам надорад.
Шайтон барангезандаи тамоми бадӣ аст. Ягон ҷиноят ё гуноҳ барои вай аз ҳад зиёд бад ё ифлос нест. Вай сабаби тамоми нафрат, тамоми одамкушӣ, тамоми хушунат нисбати кӯдакон ва занон, тамоми нашъамандӣ, тамоми бадахлоқӣ, тамоми оилаҳои ҷудошуда, тамоми ҷанҷолу муноқиша, тамоми ҷодугарӣ, тамоми фиреб аст. Вай аз он ҳаловат мебарад, ки дар байни одамон ҷинояти дар асоси бехудӣ ва ғазабро ба вуҷуд орад, ҷиноятҳо бар зидди одамони бегуноҳ, ки ба дастони одамони фосиду фосиқ меафтанд. Вай бераҳму золим аст. Вақте ки вай азобу уқубатро мебинад, дар дилаш раҳму ҳамдардӣ пайдо намешавад. Вай барои мақсадҳои худро ба даст овардан аз усулҳои хунрезӣ ва марг истифода мебарад. Вай омад, “ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад” (Инҷили Юҳанно 10:10).
Тақдири абадии шайтон алаккай ҳал карда шудааст. Ҷо бо оташи абадӣ ҳаст, ки барои шайтон ва девҳояш тайёр шудааст (Инҷили Матто 25:41). Вай мехоҳад ба қадри имкон одамони зиёдро ба ин азоб бо худ гирад. Вай медонад, ки ин корро ба воситаи он карда метавонад, агар имони моро ба Худо вайрон кунад ва дар охир нобуд кунад. Ин корро ё ба воситаи он мекунад, ки кушоду равшан Каломи Худоро рад кунад, ё ҳилагарона водор кунад, ки масеҳиён ширгарм ва сабукфикр бошанд.
Аз панҷаи шайтон роҳи халосӣ ҳаст. Шайтон мехоҳад, ки ту фикр кунӣ, ки халосӣ нест. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки Исо омадааст, ки асиронро озод кунад. Ӯ омад, то ки ҳаёт диҳад. Исо роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст (Инҷили Юҳанно 14:6). Дар вақти ҳаёти заминиаш Исо ба воситаи он, ки ба васвасаҳои шайтон муқобилат кард ва бо Каломи Худо девҳои шарирро берун мекард, нишон дод, ки аз болои шайтон қудрат дорад (Инҷили Матто 4:1-11; Инҷили Марқӯс 9:25-26). Исо ба воситаи маргаш дар салиб ва аз мурдагон зинда шуданаш қудрати шайтонро шикаст дод.
Оё мо ин ғалабаро ба даст оварда ва душмани асосии ҷони худро мағлуб карда метавонем? Аввал, мо бояд дарк кунем, ки мо асири шайтон шудаем ва бо тарсаш баста шудаем. Мо бояд қабул кунем, ки мо гуноҳкорем, ва агар мо дар ин ҳолат монем, мо талаф мешавем. Вақте ки мо фаҳмем, ки мо худамонро аз асорати шайтон халос карда наметавонем, ва мо бо тамоми диламон бояд ба Худо фарёд кунем, то ки моро халос кунад. Мо бояд барои гуноҳҳои худ тавба кунем ва аз онҳо рӯй гардонем. Моро лозим аст, ки хуни кафораткунандаи Исои Масеҳро барои бахшиши гуноҳҳоямон бо имон қабул кунем. Мо бояд худро ба Худо супорем, бахшиши Ӯро қабул кунем ва вафодорона Каломи Ӯро иҷро кунем. Агар мо ин шартҳоро иҷро кунем, Худо моро бо худ оштӣ мекунонад, ғаму ташвишро дар диламон ором мекунад, гуноҳҳои моро мебахшад, ба мо табиати нав медиҳад ва моро фарзандхон мекунад. Ин аз нав таваллуд шудан аст. Ҳар касе, ки ба даъвати Худо зиддият кунад, дар подшоҳии шайтон мемонад ва дар охир фиребгар ин одамро ба азоби абадӣ бо худ мегирад.
Агар ту он нақшаеро, ки Худо барои ту тайёр кардааст, намефаҳмӣ, пас Каломи Худоро хон, бо дили самимӣ ба Ӯ дуо хон ва Ӯ роҳро ба ту нишон медиҳад. Худо туро ба назди худ даъват мекунад ва мехоҳад, ки ту аз асорати шайтон халос шавӣ. Бигзор Худо туро баракат диҳад. Забур таронаи 90-ро хон.
Ҷойҳои Навиштаҷот барои хондани иловагӣ:
Инҷили Луқо 11:20-23 .......Қаввитар аз шайтон
Нома ба Румиён 6:20-23 ....Озодӣ аз гуноҳ
Ишаъё 61:1 .............Озодӣ барои асирон
Нома ба Румиён 8:1-2.........Озодӣ аз маҳкумият