Оё медонӣ, ки шахсе ҳаст, ки ҳама чизро дар бораи ту медонад? Исо, Писари Худо, ҳар чизеро, ки ту кардаӣ, медонад. Ӯ ҷаҳон ва ҳар чизеро, ки дар рӯи замин ҳаст, офарид. Ӯ ҳамаи чизҳои гузашта, ҳозира ва ояндаро медонад. Ӯ туро дӯст медорад ва ба ин ҷаҳон омад, то ки туро аз гуноҳҳоят наҷот диҳад. Ӯ барои зиндагиат нақша дорад, то ки ту хушбахт бошӣ. Рӯзе Исо бо дӯстонаш сафар мекард. Ӯ ба як қишлоқи Сомарӣ омад. Исо дар назди чоҳ барои истироҳат нишаст ва дӯстонаш барои нон харидан рафтанд.
Исо дӯсти ту аст Ман дӯсте дорам. Ӯ дӯсти беҳтарин аз байни ҳамаи дӯстоне, ки ман пеш аз он доштам. Ӯ он қадар некдилу вафодор аст ва ман мехоҳам, ки ту низ бо Ӯ шинос шавӣ. Номаш Исо. Аҷоибаш он аст, ки Ӯ мехоҳад дӯсти ту шавад. Биё ман ба ту дар бораяш нақл кунам. Мо дар бораяш дар Китоби Муқаддас хонда метавонем. Китоби Муқаддас ҳақиқат аст. Он Каломи Худо аст. Худо тамоми ҷаҳону ва ҳар чизеро, ки дар он аст, офарид. Ӯ Худованди осмону замин аст. Ӯ ба ҳама чиз ҳаёту нафас мебахшад.