Дар шаҳри калони Париж дар Франсия ҳайкал барои ёдгории генерал Наполеон истодааст. Дар солҳои охири асри ҳаждаҳ ва аввали асри нуздаҳ тамоми Аврупо аз вай метарсиданд. Ғалабаҳои машҳураш дар ҷангҳо ва музаффариятҳои таъсирбахшаш то ба дараҷае расиданд, ки наздики тамоми Аврупо ба ғайр аз Англия зери идораи вай буд. Ин генерали ҳавобаланд орзуи идора кардани тамоми ҷаҳонро дошт.
Дар муҷассамаи Тоқи нусрат дар шаҳри Париж рӯйхат и ҳамаи муҳорибаҳои Наполеон, ки ӯ дошту дар он ғолиб баромад, навишта шудааст. Лекин дар он як муҳорибаи бисёр муҳим нест. Бале, дуруст! Задухӯрди таърихии Ватерлоо. Дар он Наполеон мағлуб шуд. Бахташ аз вай дур шуд. Ғурураш шикаст ёфт, чунки вай дар ин муҳорибаи бениҳоят муҳим мағлуб шуд. Баъд аз он ӯ бадарға шуд ва мисли одами манфур мурд.
Барои Наполеон чӣ фоида мешуд агар ӯ тамоми ҷаҳонро забт мекард, лекин муҳорибаи Ватерлооро аз даст медод? Яку якбора ҷалолу шуҳраташ ва тамоми дороиаш нест шуд. Ҳамаи ғалабаҳои гузаштааш дар ин шикасти ҳалокатовар ба ӯ фоида накарданд. Аз барои бохт дар ин мубориза ӯ ҳамаашро аз даст дод.
Ҳар ҷони бошуур дар зиндагиаш бо муборизаҳои бузурги рӯҳонӣ дучор мешавад. Натиҷаҳои ин муборизаҳо бисёр таъсир ва аҳамияти калон дорад. Бохт дар муҳорибаи Ватерлоо Наполеонро дар вақти зиндагиаш бадному беобрӯ кардааст. Бохт дар муборизаи ҷонат азобу уқубати абадӣ мебиёрад. Оё фикр кардаӣ, ки оқибати ногузири ҳаёти худпарасти бе Масеҳ чӣ мешавад?
Оё ту дар муборизаи ҳаётат мағлуб мешавӣ? Мубориза байни ҳаёт ва марг? Мубориза байни осмон ва дӯзаҳ? Мубориза байни худфидокунӣ ва худдӯстдорӣ, ҷонат ва шайтон? Исо гуфт: “Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?” (Инҷили Марқӯс 8:36).
Фарқ надорад, ки агар мо дар ин олами ҷисмонӣ моликияти бисёр ё кам дошта бошем, агар мо ҷони худро аз даст диҳем, ин фоҷиаи бениҳоят бузург хоҳад буд! Тақдири абадиамон маҳкам мешавад. Одамони зиёд дарк намекунанд, ки бояд дар муборизаи калони рӯҳонӣ ҷанг кард. Шайтон ва ин ҷаҳон фаҳмиши онҳоро хира кардааст ва онҳо барои воқеияти мубориза бар зидди гуноҳ хуфта ҳастанд. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, бархез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пошид.» (Эфсӯсиён 5:14). Завлонаҳои гуноҳу шайтонро афшонда, парто. Ин муборизаро то ба охир бар! Ту аз марги табиӣ гурехта наметавонӣ, лекин ту аз марги абадӣ халос шуда метавонӣ. “Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шуданд.” (Ваҳӣ 20:14). “Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.” (Инҷили Марқӯс 9:44). Агар ту мубориза барои наҷоти ҷонатро аз даст диҳӣ, тақдират абадан дар дӯзаҳ ва азобу уқубат мешавад.
Оё ту ягон бор истода, фикр кардаӣ, ки байни ту ва марг фақат як қадам ҳаст? Оё ту тайёр ҳастӣ аз остонаи вақт гузашта, ба абадият гузарӣ? Барои ба даст овардани ғалабае, ки туро ба хонаи осмонӣ мебарад, ту бояд ба назди Исо биёӣ, ки Ӯ “ба дунё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад” (1-ум нома ба Тимотиюс 1:15). “Ҳоло Худо дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд” (Аъмоли ҳаввориён 17:30). ҲОЛО! На пагоҳ ё ягон мавсими муносиби дигар. “Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.” (2-юм нома ба Қӯринтиён 6:2). Агар Масеҳ то ҳол дар дили ту нест, агар гузаштаат туро айбдор мекунад, агар ту то ҳол таваллуди навро аз сар нагузарондаӣ (Инҷили Юҳанно 3:3), пас дар оромӣ истироҳат накун. Тавба кун! Чӣ хеле, ки ҳастӣ ба назди Исо биё, чунки Ӯ назди дари дилат истода, тақ-тақ мекунад. Ӯ гуфт: “Агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.” (Ваҳӣ 3:20). Шояд ту савол диҳӣ: “Оё дар ҳақиқат одами гуноҳкор наҷот ёфта метавонад?” Бале! Аз таҳти дилат ба назди Масеҳ бо имон биё ва Ӯро ҳамчун Наҷотбахши худат қабул кун, барои гуноҳҳоят тавба кун ва ба овози Рӯҳи Муқаддас гапдаро бош. Пас ту ғалабаро дар мубориза барои ҷонат ба даст мебиёрӣ. Ту на фақат дар ин ҳаётат аз оромӣ ва хурсандӣ, лекин инчунин аз ҷалолу хушбахтӣ бо Наҷотдиҳандаат дар абадият ҳаловат мебарӣ. Ҳазорҳо сол пеш пайғамбари Ҳизқиёл гуфт: “Ва агар шарир аз ҳамаи гуноҳҳое ки ба амал овардааст, тавба кунад...ва адлу инсофро ба амал оварад, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд.” (Ҳизқиёл 18:21).
Агар ту ният дорӣ аз ҷаҳони пургуноҳ лаззат барӣ, дар охир ту монанди Наполеон дар муҳорибаи Ватерлоо мағлуб мешавӣ. Ту монанди шахси ғаркмешудагӣ бе наҷотдиҳанда ҳалокат мешавӣ. Ин тақдири абадӣ дар дӯзаҳ аст! Дасти Исои Масеҳро маҳкам гир, ки Ӯ камарбанди наҷоти хуб аст ва дер намекунад. Ӯ комилан ва ба пуррагӣ наҷот медиҳад (нома ба Ибриён 7:25). Абадият дар осмон! Пас ту монанди ҳаввори Павлус дар бораи муборизаи ниҳоӣ мегӯӣ: “Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!” (1-ум нома ба Қӯринтиён 15:57).
Ҷони азиз, ту метавонӣ ғалаба ё мағлубшавиро, осмон ё дӯзаҳро, Худои зинда ё шайтонро, абадияти пурҷалолу хушбахт ё мусибат ва азобу уқубати беохирро интихоб кунӣ. “Имрӯз ман ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо.” (Такрори Шариат 30:19). Имрӯз Исоро интихоб кун!