Наҷот

Мақсади Китоби Муқаддас дар он нест, ки ба шайтон ва корҳояш диққати моро ҷалб кунад. Лекин, мо бисёр чизҳоро дар Китоби Муқаддас мехонем, ки хислату корҳои шайтонро фош мекунад. Боре шайтон фариштае буд, лекин вай бар зидди Худо, офарандаи худ, исён кард ва мехост монанди Худо шавад. Тарзи кори подшоҳии торики шайтон нав нест. Давоми асрҳо кӯшиши вай дар рақобат кардан бо Подшоҳии Худо буд. Вай ба ҷои он чизҳое, ки Худо ба воситаи қуввати Рӯҳи Муқаддас иҷро мекунад, чизҳои қалбакӣ пешниҳод мекунад.

Arabic Bengali English French Haitian Creole Indonesian Japanese Kazakh Kinyarwanda Korean Lingala Norwegian Persian Polish Portuguese Rundi Russian Southern Sotho Spanish Swahili (Macrolanguage) Swedish Thai Turkish Ukrainian

04 Август 2023 in  Наҷот 7 minutes

Муҳаббат… ин калимаи зебо дар ҳар забон аст. Муҳаббат ба ёди мо чӣ мебиёрад: дилбастагӣ, ғамхорӣ, гармӣ, некдилӣ, якдигарфаҳмӣ, бехатарӣ ё модар? Лекин худат фикр кун, ки ин калимаи зебо дар ҳақиқат чӣ маъно дорад? Ту мехоҳӣ, ки туро дӯст доранд? Ту дӯст медорӣ?

Arabic Bengali English French Kazakh Khmer Mongolian Norwegian Persian Portuguese Russian Southern Sotho Spanish Swedish Thai Turkish Urdu Uzbek

04 Август 2023 in  Наҷот 6 minutes

Инҷили Юҳанно 10:1-18 Ягон бор шунидаӣ, ки ягон одам номи туро фарёд мекард, лекин намедонистӣ овозаш аз куҷо меомад? Ё шояд овозашро ба зӯр мешунидӣ, чунки дар гирду атрофат ғалоғулаи зиёд буд. Гӯш кун, овозе туро фарёд мекунад. Туро! Ту кӣ ҳастӣ? Номи ту чист? Ту аз куҷо омадӣ? Ту дар куҷо зиндагӣ кардӣ? Ту ба куҷо меравӣ? Ту номи деҳаатро медонӣ. Шояд дар ягон ҷои дигар ҳеҷ вақт набудӣ. Аммо медонӣ, ки деҳаат қисми кишвари калон аст ва ҳама кишварҳо қисми ҷаҳони бузург аст.

Amharic Arabic Bengali English French Kazakh Mongolian Mossi Nepali (Macrolanguage) Norwegian Persian Portuguese Romanian Rundi Russian Southern Sotho Spanish Swedish Tagalog Thai Ukrainian Urdu

04 Август 2023 in  Наҷот 7 minutes

Нури ҷаҳон

Китоби Муқаддас каломи Худо ва ҳақиқати абадӣ аст. Дар он таърихи офариниш, беитоатии одам ба Худо ва азобу уқубате, ки ба сари одам аз барои гуноҳ омад, нақл шуда аст. Инчунин он дар бораи муҳаббати Худо ба одамизод ва нақшааш барои наҷот додани он нақл мекунад. Китоби Муқаддас дар бораи он нақл мекунад, ки Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, барои гуноҳи одамон ҷон дод ва барои наҷоти онҳо аз мурдагон зинда шуд. Ҳар касе ки ба паёми он бовар кунад, гуноҳҳояш бахшида мешавад, дилу ақлаш бо оромӣ ва нисбати ҳама одамон бо муҳаббат пур мешавад, аз болои гуноҳ қувват пайдо мекунад ва соҳиби умеди ҳаёти абадӣ мешавад.

Arabic English French Haitian Creole Indonesian Japanese Kazakh Korean Persian Southern Sotho Spanish Swedish Telugu Thai

04 Август 2023 in  Наҷот 11 minutes

Ҳаёт моро бисёр вақт ба нуқтае мебиёрад, ки мо бояд қарор қабул кунем. Дар ҳақиқат, мо ҳар рӯз интихобҳои гуногун мекунем. Баъзе интихобҳоро мо бо фикру мулоҳизаи хеле кам мекунем. Дар ҳолатҳои дигар интихобамон фикру андешаҳои зиёд талаб мекунад. Одамон интихобҳои муҳимро бо эҳтиёткории зиёд қабул мекунанд. Савол дар он аст, ки барои шумо чӣ муҳим аст? Вақте ки Худо одамро офарид, ба ӯ бартарии интихоб карданро бахшидааст. Мо наметавонем аз ин масъулият ва ё аз натиҷаҳои интихобамон саркашӣ кунем, чунки бисёр интихобҳо оқибати абадӣ дорад.

Arabic English Kazakh Norwegian Persian Southern Sotho Spanish Swedish Thai Turkish Urdu

30 Март 2020 in  Наҷот 4 minutes

Дар шаҳри калони Париж дар Франсия ҳайкал барои ёдгории генерал Наполеон истодааст. Дар солҳои охири асри ҳаждаҳ ва аввали асри нуздаҳ тамоми Аврупо аз вай метарсиданд. Ғалабаҳои машҳураш дар ҷангҳо ва музаффариятҳои таъсирбахшаш то ба дараҷае расиданд, ки наздики тамоми Аврупо ба ғайр аз Англия зери идораи вай буд. Ин генерали ҳавобаланд орзуи идора кардани тамоми ҷаҳонро дошт.

Arabic Bengali Chinese English French Haitian Creole Indonesian Japanese Kazakh Korean Persian Russian Southern Sotho Spanish Swedish Thai Turkish Urdu Waray (Philippines)

29 Март 2020 in  Наҷот 4 minutes