Оё ту бахшида шудаӣ? Ояндаи абадиат аз ҷавоб ба ин саволи ҷиддӣ вобаста аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: “Касе одил нест, як нафар ҳам нест” (нома ба Румиён 3:10). Дар ояти 23-и ҳамин боб қайд шудааст “Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд”. Агар мо хоҳем, ки аз оқибати гуноҳ наҷот ёбем, мо бояд бахшиши Худоро ба даст биёрем. Рӯзе мо бо доварии Худованд дуҷор мешавем. “Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.” (2-юм нома ба Қӯринтиён 5:10).
Мо рӯ ба рӯи абадият меистем ва аз барои ин донистанамон бисёр зарур аст, ки оё мо бахшида шудаем. Агар мо бахшида шуда бошем, моро ба осмон қабул мекунанд. Агар мо бахшида шуда набошем, мо ба дӯзахи абадӣ бо шайтону девҳоаш маҳкум мешавем. “Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад; ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод. Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: “Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред.” (Инҷили Матто 25:31-34). “Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед” (ояти 41).
Омурзиши гуноҳҳо ба воситаи хуни Масеҳ
Пас барои наҷоти ҷонамон мо чӣ кор карда метавонем? Мо худамон худро наҷот дода наметавонем, лекин мо метавонем он нақшаеро қабул кунем, ки Худо барои мо муҳайё кард. Агар мо дар бораи он фикр кунем, ки Худо ба халқи худ, Исроилиҳо, пеш аз омадани Масеҳ чӣ нишон дод, ин барои фаҳмидани ин нақша ёрдам мекунад. Худо ба онҳо гуфт, ки ҳайвонҳоро қурбонӣ кунанд. Барраҳои забҳшуда ба барраи комили Худо – Исои Масеҳ – ишора мекарданд, ки Ӯ ҳамаи одамонро бо рехтани хунаш барои гуноҳҳояшон кафорат медод. Рехтани хун инчунин ба одамон нишон дод, ки гуноҳ то чӣ андоза ҷиддӣ аст. Дар номаи Эфсӯсиён 1:7 гуфта шудааст: “Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем”.
“Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок.” (1-ум номаи Петрус 1:18-19). Бахшиши мо ба воситаи марги Масеҳ ва рехтани хунаш барои гуноҳҳои одамизод меояд (нома ба Ибриён 9:22).
Биёед қайд кунем, ки аз барои гуноҳҳоямон мо сазовори марги абадӣ будем. Лекин аз барои марҳамату муҳаббаташ нисбати мо Исо ба ҷои мо ҷон дод, то ки мо бахшида шавем ва гуноҳҳои мо рӯпӯш шаванд.
Нобахшиш ғуломӣ мебиёрад
Вақте ки мо бахшиши пурфайзи Исоро аз сар мегузаронем, мо оромӣ пайдо мекунем. Барои нигоҳ доштани ин оромӣ моро лозим аст, ки дигаронро бубахшем. Масеҳ ба мо дар Инҷили Матто 6:14-15 гуфтааст: “Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид; ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид”.
Исо фаҳмою равшан дар бораи хатари нобахшиш таълим медиҳад: “Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад. Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯъ намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт. Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд. Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: „Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард“. Ва оғои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид. Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: „Он қарзатро ба ман адо кун“. Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: „Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард“. Аммо ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад. Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд. Он гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: „Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардӣ; оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?“ Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад. Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад». (Инҷили Матто 18:23-35).
Аз ягон кас нафрат доштан, ба ягон кас ранҷидан ё хафа шудан бисёр оқибатҳои манфӣ ба вуҷуд меорад. Одаме, ки чунин муносибатро дар зиндагии худ ҷо медиҳад, ғамангезу дилгир мешавад. Саломатиаш ва робитааш бо дигарон зарар мебинад.
Вақте ки мо дигаронро намебахшем, ин ҷони моро ба ғуломӣ меандозад ва ин монанди асири одам будан ё вобастагӣ аз нашъамандӣ аст. Бисёр вақт ин нобахшиш дилталхӣ меорад, ки тамоми вучуди одамро пур мекунад. Агар аз он озод нашавем он ба ғаму ғусса, хашм ва ҷанҷол табдил меёбад; лекин агар аз он халос шавем, мо соҳиби хурсандӣ, муҳаббат ва ягонагӣ мешавем. Ин талхӣ дар натиҷаи рӯҳи мағрур пайдо мешавад, ки ҳамаи хафагиҳои эҳтимолӣ ва ҳақиқиро ҳисоб мекунад ва дар фикри гирифтани интиқом аст. Агар мо аз ҳиссиёти ранҷу хафагиамон халос нашавем, дар охир он моро идора мекунад. Мо асири ин ҳиссиёт ва инчунин асири гуноҳ мешавем.
Бахшиши бешарт
Исо таълим медод, ки ягона роҳе, ки мо дигаронро бубахшем, ин он тавре, ки Ӯ моро бахшидааст. Мо набояд барои бахшиш шарт гузорем аз рӯи хосият ё ҷиддияти ранҷиш, шумораи ранҷиш ё хислати ранҷкунандаи мо. Чӣ тавре ки Худо ба мо марҳамат кард, мо низ бояд ба дигарон марҳамати бешартона нишон диҳем. Вақте ки мо худро фурутан сохта, дигаронро мебахшем, Худо роҳро мекушояд, то ки мо барои хатою гуноҳҳои худамон бахшиш ёбем. Худо ҳар шахсеро, ки ба наздаш бо дили хоксору тавбакор меояд, пурра мебахшад.
Ҳангоме ки мо Рӯҳи Муқаддасро пайравӣ мекунем, мо ростиро хоҳем шинохт ва ростӣ моро озод хоҳад кард (Инҷили Юҳанно 8:32). Дар ояти 36 навишта шудааст: “Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд”.
“Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед” (нома ба Ибриён 3:15). Исо дар Инҷили Матто 11:28 гуфтааст: “Назди Ман оед... ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид”. Вақте ки мо ин таълимотро пайравӣ мекунем, мо бахшида мешавем ва қувват пайдо мекунем, то ки дигаронро бубахшем.
Ба назди Худо биё
Акнун савол аст: –Чӣ тавр мо ба назди Худо омада метавонем? Ҷавобаш дар Китоби Муқаддас ҳаст. “Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад” (Инҷили Юҳанно 6:44). Худо ба воситаи Рӯҳи Муқаддасаш моро ба фаҳмиши он мебиёрад, ки мо гуноҳкорем ва мӯҳтоҷи Наҷотдиҳанда ҳастем. Баъзан мо пурра даъвати Худоро намефаҳмем. Шояд мо дар диламон холигию танҳоиро ҳис мекунем – гӯе ки ба мо чизе даркор аст, ҳис мекунем, ки мо ноҳақ ҳастем, боварӣ ба он, ки мо гумшуда ҳастем.
Вақте ки мо ин нороҳатиро дар рӯҳамон ҳис мекунем, мо бояд диламонро барои Худо кушоем, то ки Ӯ моро роҳнамоӣ кунад. Бори гуноҳ хеле вазнин мешавад ва диламон аз барои ҳаёти гузаштаи пургуноҳамон афсӯс мехӯрад. Худо мехоҳад, ки мо ҳаёти худро ба Ӯ дар тавбакунии самимона бубахшем. Вақте ки Худо дили шикастаю тавбакори моро мебинад, ки мо тайёр ҳастем, дар пуррагӣ хости Ӯро иҷро кунем, Ӯ ҳаёти гузаштаи гуноҳкори моро мебахшад ва мо бахшишу оромӣ меёбем (Забур 33:19; Забур 50:18-19). Оҳ, акнун мо бисёр хурсанд мешавем ва хоҳиш пайдо мекунем ба дигарон нақл кунем, ки Масеҳ дар диламон чӣ кор кардааст!
Ин на фақат як чизи зеҳнӣ аст ё дигаргуншавии фикронии одам аст. Ин кори Рӯҳи Муқаддас дар дили одам аст, ки моро барои ҳаёти нав табдил медиҳад. Мо ба воситаи ин қувваи Рӯҳи Муқаддас имон пайдо мекунем, ки ба Худо бовар кунем, то ки хости худро як тараф гузошта, дигаронро бубахшем. Дар 2-юм нома ба Қӯринтиён 5:17 гуфта шудааст: “Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст”.
Роҳи бахшиши Китоби Муқаддас бисёр зебо аст. Вақте ки мо ба қурбонии Исо бовар мекунем ва пурра худро ба Худо ва хосташ мебахшем, он ҳисси айбро аз диламон дур мекунад. Хуни рехтаи Исои Масеҳ гуноҳҳои моро пурра рӯпӯш мекунад. Бахшише, ки Худо ба мо медиҳад, дарду ранҷиши моро нест мекунад. Ӯ моро топ-тоза мекунад ва гуноҳҳои моро фаромӯш мекунад: “Гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард” (нома ба Ибриён 8:12). Вақте ки Худо гуноҳҳои моро мебахшад, мо озодии аҷоибро аз сар мегузаронем ва ёрони худро бахшида метавонем. Ту низ метавонӣ инро дар дилу зиндагиат дошта бошӣ. Имрӯз ба назди Худованд биё!