Муҳаббат… ин калимаи зебо дар ҳар забон аст. Муҳаббат ба ёди мо чӣ мебиёрад: дилбастагӣ, ғамхорӣ, гармӣ, некдилӣ, якдигарфаҳмӣ, бехатарӣ ё модар? Лекин худат фикр кун, ки ин калимаи зебо дар ҳақиқат чӣ маъно дорад? Ту мехоҳӣ, ки туро дӯст доранд? Ту дӯст медорӣ?
Худо муҳаббат аст ва агар муҳаббаташ дар дили ту монад, ин ба ту ёрдам мекунад, ки ту дӯст дорӣ ва дӯстдошта бошӣ. Худо сарчашмаи тамоми муҳаббат аст. Дар 1-ум Юҳанно 4:16 навишта шудааст: “Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай”. Ҳеҷ кас наметавонад муҳаббати ҳақиқиро ёбад ва ҳис кунад, агар муҳаббатро дар Худо ва ба воситаи Ӯ наҷӯяд.
Баъзе аз муқобили муҳаббат инҳоянд: нафрат, нобоварӣ, худпарастӣ ва ҷанг. Агар мо ба вазъиятҳои зиёди ин ҷаҳон ва аксари оилаҳо нигоҳ кунем, мо мефаҳмем ки одамон сахт мӯҳтоҷи муҳаббат ҳастанд.
Ту чӣ? Ҳис мекунӣ, ки туро дӯст медоранд? Оё ту дар дилат дард, танҳоии чуқур ҳис мекунӣ аз барои он, ки дилбастагию дӯстӣ ва дилгармӣ надорӣ? Ту баъзан ҳис мекунӣ, ки ягон кас ба ту парво надорад? Оё падару модарат дар вақти кӯдакиат якдигарашонро ё фарзандонашонро дӯст намедоштанд? Дар ҷаҳони имрӯза ин гуна ҳиссиёт маъмул аст, чунки дар он муносибати бартаришуда ин «аввал ман» аст. Дили дардманд натиҷаи он аст, ки одамон ба хоҳишу манфиатҳои худпарасташон дода мешаванд.
Муҳаббат ин дилбастагии эҳсосӣ нест, ки мехоҳад шаҳвати худро қонеъ гардонад ва бисёр вақт онро аз ҳисоби одамони дигар мекунад. Ин дилбастагӣ, ки баъзеҳо муҳаббат меноманд, дар асл худпарастӣ аст, чунки он роҳату ҳаловати худашро меҷӯяд. Муҳаббат обрӯ ва ҳаловати худро пешбарӣ намекунад.
Вақте ки дар зиндагиамон душвориҳо меоянд ин нишонаи он нест, ки Худо моро дӯст намедорад. Худо иҷозат медиҳад, ки мо аз душвориҳо гузарем ва он ҳама вақт барои фоидаи мо аст. Падару модаре, ки дар ҳақиқат фарзандашро дӯст медоранд, на ҳама вақт чизи мехостагии фарзандашро ба ӯ медиҳанд, лекин барои фоидааш ӯро маҳдуд ва худдорӣ мекунанд.
Муҳаббат худфидокунӣ аст. Муҳаббати ҳақиқӣ барои дигарон некӣ меҷӯяд. Муҳаббат гарм, раҳмдил ва нек аст. Агар мо дар ҳақиқат дӯст дошта бошем, мо барои беҳбудии ҳозираву ояндаи одамони атрофамон ғамхорӣ мекунем. Шавҳару падари пурмеҳр муҳаббаташро ба ҳамсар ва фарзандонаш нишон медиҳад. Вай бо шодӣ ҳар чизи доштагиашро медиҳад ва худро қурбонӣ мекунад, то ки муҳити меҳру муҳаббат ва хушбахтиро созад. Зан ва модаре, ки ҳақиқатан дӯст медорад, шавҳарашро эҳтиром мекунад ва ба фарзандонаш ҳисси ҳурмату муҳаббатро нисбати падару модараш ва якдигарашон пайванд мекунад. Вай бо хушнудӣ барои тамоми оилааш ҷои орому бехатар таъмин мекунад. Масеҳ намунаи ибрати муҳаббатро ба воситаи он нишон дод, ки Ӯ ноҳақ дар салиб ҷон дод.
Агар ту ҳис мекунӣ, ки мӯҳтоҷи муҳаббат ҳастӣ-агар дар дилат холигӣ бошад-ту муҳаббати ҳақиқиро ёфта метавонӣ. Ту онро ёфта метавонӣ, агар ҳаётатро ба Худо супорӣ. Худо туро бо ғамхорию дилсӯзии меҳрубон дӯст медорад ва муҳаббаташ беҳаду канор аст. Ӯ бароят ғамхорӣ мекунад ва мехоҳад ба ту дар ҳамаи дарду мусибатҳои зиндагиат кӯмак расонад. Агар ту худро танҳо ҳис мекунӣ ва фикр мекунӣ ки ҳеҷ кас барои ту парво надорад, ту метавонӣ боварии пурра дошта бошӣ, ки Ҳамоне, ки Писарашро барои ту қурбонӣ кард, тамоми дарду ғами туро ҳис мекунад. Агар ту ба Худо рӯ оварӣ, Ӯ дар лаҳзаҳои танҳотаринат ва рӯзҳои андӯҳгинтаринат ба ту тасаллӣ, қувват ва роҳнамоӣ мебахшад.
Агар ту надонӣ чӣ тавр ба назди Худо биёӣ, пас дили худро ба Ӯ холӣ кун ва Ӯ мешунавад. Агар ту ҳис мекунӣ, ки ба ягон кас бовар карда наметавонӣ, ҳатто ба Худо, пас инро ба Худо гӯй. Баъд хоҳиш кун, ки Ӯ ба ту роҳро нишон диҳад.
Агар ту ҳис мекунӣ, ки ту гуноҳкорӣ ва умед барои ёфтани бахшиш ва муҳаббат надорӣ, бо тамоми дилат ба назди Худо омада, барои гуноҳҳои гузаштаат тавба кун ва онро тарк кун. Худо Падари меҳрубони ту мешавад, агар ту аз таҳти дилат ба назди Ӯ биёӣ ва тайёр бошӣ дар ҳар чизе, ки Ӯ ба ту гӯяд, итоат кунӣ.
Вақте ки Худо туро мебахшад ва қабул мекунад, ту муҳаббаташро ҳис мекунӣ ва бо Ӯ муносибат пайдо мекунӣ, ки ҳеҷ чиз онро аз ту гирифта наметавонад. Ин муносибат фақат он вақт вайрон мешавад, агар ту аз Худо рӯй гардонӣ.
Вақте ки ту ба шинохтани муҳаббати Худо мебиёӣ ва дӯст доштани худро бас мекунӣ, ту бехатариро пайдо мекунӣ. Ту худро бехатар ҳис мекунӣ, чунки медонӣ ки туро дӯст медоранд, ва аз барои ин дилат кушода мешавад, то ки барои дигарон ҳақиқатан ғамхорӣ карда тавонӣ. Ту дигар ин қадар бисёр ташвиш намекашӣ, ки чӣ тавр одамон ба ту рафтор мекунанд. Ту мебинӣ, ки акнун ту барои мӯҳтоҷиҳои ёронат ташвиш мекунӣ ва хоҳиши самимӣ пайдо мекунӣ, то ки ба Худо, ки туро дӯст медорад, хизмат кунӣ. Вақте ки худпарастию худдӯстиро дур кунӣ, Худо туро баракат медиҳад ва ақлатро барои ҳақиқатҳои зиёд мекушояд. Таълимот дар 1-ум нома ба Қӯринтиён боби 13 ба ту ёрдам медиҳад, то ки инро фаҳмӣ.
Худо инчунин дар замин оила дорад. Ӯ метавонад туро ба назди оилааш роҳнамоӣ кунад ва дар он ҷо ту онҳоеро меёбӣ, ки ба Ӯ хизмат мекунанд ва хосташро иҷро мекунанд. Ин оила Калисои Ӯ аст. Исо гуфт: “Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред” (Инҷили Юҳанно 13:35). Ин муҳаббати самимӣ аст, ки ғамхорӣ, ҳамдардӣ ва ислоҳ мекунад.
Агар хоҳед зиёдтар дар бораи муҳаббат фаҳмед, Инҷили Юҳанноро хонед. Боби панҷоҳу сеюми китоби Ишаъёро хонед, ки дар он ҷо пайғамбар дар бораи қурбонии Исо пешгӯӣ кард, ки Ӯ барои мо меоварад. Ваъдаҳоеро дар Забур 90-ро хонед. Ин ҷойҳои Навиштаҷотро хонед: Забур 22 ва 1-ум Қӯринтиён 13. Бигзор Худо шуморо роҳнамоӣ кунад, вақте ки онро мехонед.
Танҳоӣ ва бадбахтиат ба охир расида метавонад. Бигзор Худо ҳаётатро ба зери назорат гирад. Муҳаббати Худоро аз сар гузарон, ки он баракати бузургтарин барои одам аст. Бигзор Худо туро баракат диҳад.
Агар дар ҷустуҷӯат ба ту кӯмаки зиёдтар лозим бошад, ба суроғае, ки дар саҳифаи охирини ин китобча қайд шудааст, мактуб навис.
1-ум Қӯринтиён 13:1-8, 13
“Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам. Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман ҳеҷ ҳастам. Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ҳеҷ манфиате намебинам.
Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.
Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.
Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.”