Ту ягон бор фикр кардаӣ: “Агар ман пурра озод мешудам, ман хушбахт мебудам; он вақт ман ором мешудам?” Одамони зиёд озодии пурраро меҷӯянд, то ки оромӣ ва хушбахтӣ дошта бошанд. Одамон мехоҳанд аз ҳама гуна маҳдудиятҳо озод бошанд, чунки онҳо бовар мекунанд, ки агар онҳо ҳар чизи мехостагиашонро карда тавонанд, пас ин ба онҳо хушбахтӣ меорад. Оё ин дар ҳақиқат хушбахтӣ меорад?
04 Август 2023 in Сулх 4 minutes
“Куҷо аст оромӣ ва сулҳу осоиштагӣ—барои халқи мо, хонаводаҳои мо ва пеш аз ҳама барои дилу ақли мо?” Ин доди ноилоҷӣ давоми асрҳо садо медиҳад. Оё дар дилат ҳам ин дод ҳаст? Одамон дилхаста ва пуризтироб ҳастанд. Бешубҳа одамон мӯҳтоҷи роҳнамоӣ, маслиҳат, бехатарӣ ва дилпурӣ ҳастанд. Мо мӯҳтоҷу хоҳони оромии ҷонӣ ҳастем. Оромии ҷонӣ—чӣ ганҷе аст! Оё ин ганҷро дар ҷаҳоне, ки он қадар низоъ, ноумедӣ, бетартибӣ ва нороҳатӣ зиёд аст, ёфтан мумкин аст?
04 Август 2023 in Сулх 4 minutes
Тарс чӣ аст? Тарс аз Худо Тарс аз оянда Тарс аз нокомшавӣ Тарс аз азобкашӣ Тарс аз марг Тарс душмани ниҳон аст ва одамони ҳар синну сол ва миллат, ҳар сатҳи зиндагиро гирифтор мекунад. Тарс ҳилагар ва барбоддиҳанда аст, он фикронии моро заҳролуд мекунад, осоиштагии дарунии моро медуздад ва шавқу таъми зиндагиро нобуд мекунад. Тарс моро асабонӣ, нороҳат, серташвиш, пурҳаяҷон, ғамгин ва беҷуръат мекунад; чӣ гуна ҳиссиёти нохушу номатлуб!
04 Август 2023 in Сулх 8 minutes