Ту ягон бор фикр кардаӣ: “Агар ман пурра озод мешудам, ман хушбахт мебудам; он вақт ман ором мешудам?” Одамони зиёд озодии пурраро меҷӯянд, то ки оромӣ ва хушбахтӣ дошта бошанд. Одамон мехоҳанд аз ҳама гуна маҳдудиятҳо озод бошанд, чунки онҳо бовар мекунанд, ки агар онҳо ҳар чизи мехостагиашонро карда тавонанд, пас ин ба онҳо хушбахтӣ меорад. Оё ин дар ҳақиқат хушбахтӣ меорад?
Ханда ва муҳити беғаму ташвиш дар равшании хираи тарабхонаву бар бисёр касонро бо ваъдаи хушбахтӣ ҷалб мекунад. Одамони ҷавон бо оби ҷав, тамоку ва мошинҳо тамоми шаб бо шариконашон роҳат мекунанд, то ки худро хушбахт ҳис кунанд. Ин гуна атроф оромӣ ва хушбахтӣ намебахшад.
Нашъа, доруҳои мухаддир ва дигар маводи мухаддир лаззати аҷабро ваъда медиҳанд. Албатта, мо фикр мекунем, ки он хушбахтӣ мебахшад ва ҳамроҳи ин хушбахтӣ оромӣ мебиёяд. Оё ин рост аст?
Мусиқии ҳозиразамон, ки аз мағзи ҷону тани мо мегузарад, ва ҳамроҳи арақу нашъа боз ҳам лаззати зиёдтар мебиёрад. Ин ҳам хушбахтии ҳақиқӣ намебиёрад.
Ҳаловат аз алоқаи ҷинсӣ бо шаҳватпарастии пурра бе ягон фикри худмаҳдудкунӣ хушбахтиро ваъда мекунад. Аммо он фақат холигӣ ва дилхунукӣ мебиёрад. Не, дар он хушбахтиро ёфта наметавонӣ.
Дар замони мо бисёриҳо ин фикрро пешбарӣ мекунанд, ки мо дар ин ва дигар соҳаҳо бояд пурра озод бошем ва ҳар чизи мехостагиамонро кунем. Онҳо бовар мекунанд, ки барои онҳое, ки дар ҷустуҷӯи оромию хушбахтӣ аз ин чизҳои ҳаловатовар роҳат мебаранд, набояд ягон қонуну қоида, ягон шарм ва ҳиссиёти бад бошад. Онҳо фикр мекунанд, ки озодии пурра оромӣ ва хушбахтӣ оварда метавонад. Онҳо исрор мекунанд, ки хушбахтӣ дар як ҳаловати дигар ё як лаззати намуди дигар ёфт мешавад. Албатта, мо фикр мекунем, ки агар мо хушбахтиро ҷустуҷӯ мекунем, пас мо барои натиҷаи амалҳоямон ҷавобгӯ намешавем. Мо ҳис мекунем, ки ба қисми боинсофи «хушбахтӣ»-амон ҳақ дорем.
Аз барои хавфҳое, ки ин ҳаловатҳо мебиёранд, баъзан инхел огоҳ мекунанд: Баъд аз арақ хӯрдан, мошинро наронед. Маводи мухаддир туро ба марг расонда метавонад. Аз робитаи ҷинсии бехатар истифода баред. Агар ҳомиладор шудӣ, исқоти ҳамл бикун. Лекин ин маслиҳат ҳалли мушкилӣ нест.
Агар хушбахтӣ бо ин роҳҳо ёфт мешуд, пас чаро одамон дар бару тарабхонаҳои серодам худро танҳо ҳис мекунанд? Чаро одамон худро баъд аз ин ҳаловатҳо дар пастӣ ҳис мекунанд? Чаро баъд аз ин лаззатҳо ҳисси вазнинӣ меояд? Чаро одамон худро рӯҳафтода ҳис мекунанд, вақте ки муносибати наздик канда мешавад? Агар ҳаловатҳо оромию хушбахтӣ мебахшад, пас чаро менамояд, ки онҳо ҳама вақт дастнорасанд? Чаро мушкилиҳо ин қадар бисёранд ва чаро ҳаёт ин қадар холӣ менамояд?
Ишратдӯстӣ озодии ҳақиқӣ нест. Он ҳеҷ вақт оромӣ ва хушбахтӣ намеорад. Ишратпарастӣ гуноҳ аст, чунки он на Худоро, балки худро мепарастад.
Дар Инҷили Матто 11:28-29 Исо гуфт: “Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт.”
Ту худро чӣ хел ҳис мекунӣ? Оё худро ноором ва зери ташвиш ҳис мекунӣ? Оё мушкилиҳо дар ин ҷаҳон ва дар муносибати ту сабаби ҳисси ҳаяҷон, айб ва тарс шудаанд? Баъзан ту фикр мекунӣ, ки оё ягон нафар туро дар ҳақиқат дӯст медорад ва ғамхорӣ мекунад?
Мутмаин бош, ки Худо туро дӯст медорад. Ӯ бисёр манфиатдор аст, ки ту оромӣ, озодӣ ва хушбахтӣ ёбӣ. Оромии ҳақиқӣ на аз ҳаловатҳои зиёдтар меояд, лекин вақте ки ту худро таслим мекунӣ. Вақте ки ту худро ба Худо мебахшӣ ва ба Ӯ бовар мекунӣ, ин ба ҷонат оромӣ медиҳад. Исо гуфтааст: “Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам.” (Инҷили Юҳанно 14:27).
Даъвати Исоро қабул кун. Бо тамоми дилат ба назди Ӯ биё. Гузашта, ҳозира ва ояндаатро ба Ӯ бубахш. Барои он тавба кун, ки ҳаёти холӣ ва беҳуда зиндагӣ кардаӣ. Он гоҳ ту озодии аслӣ, хушбахтии аслӣ, оромии аслӣ ва муҳаббати аслӣ меёбӣ. Ту барои ояндаат умед пайдо мекунӣ ва вайдаи ҳаёти абадӣ мегирӣ, агар бовафо монӣ. Бигзор Худо туро дар ҷустуҷӯ ва ёфтани оромию осоиштагӣ баракат диҳад.