Оянда
Вақте ки мо дар бораи ояндаи худ фикр мекунем, ҳатман фикр пайдо мешавад, ки оё баъд аз маргамон чӣ рӯй медиҳад. Одам наметавонад аз фикрҳое халос шавад, ки баъд аз мурданаш қисматаш чӣ мешавад, лекин одатан ин фикрҳоро аз сараш дур мекунад. Одам худро бо ташвиши зиндагӣ овора мекунад ва фикрҳоро дар бораи марг, осмон ва дӯзах ба ояндаи дур мегузорад (Инҷили Матто 24:48, Воиз 8:11). Лекин воқеият дар он аст, ки мо бояд интихоб кунем. Агар ҳеҷ кореро накунем, ин моро ба нобудшавии абадӣ мебиёрад.
Ҷон Рэйнолдс Яке аз ҳодисаҳои шавқовартарин дар бораи эҳё шудани одам, ки ман шунида будам, ин саргузашти аспдузди маъруф дар ноҳияи Ҷефферсон бо номи Ҷорҷ Леннокс аст. Ӯро дуюм маротиба ба ҳабсхона маҳкум карда буданд. Якум маротиба ӯро дар ноҳияи Седҷвик барои айни ҳамон ҷиноят – аспдӯздӣ – ба зиндон маҳкум карда буданд.