Ман зиндагиамро хеле беташвиш ва дар хурсандӣ сар карда будам. Ман монанди шапараки хурд бо болҳои зебо будам ва дар пешам олами гулҳо буд. Вақте ки ман ба оянда нигоҳ мекардам, зиндагӣ аҷоиб менамуд.
Дере нагузашта, фикрониам дигар шуд. Ман фаҳмидам, ки барои он ки одамон маро қабул кунанд ман бояд нақшеро бозам. Ҳаёт ба сирк монанд буд. Медидам, ки гӯё дар оянда ҳалқаҳои сирк кашол буданд ва ман бояд аз онҳо меҷаҳидам. Агар ман аз байни ҳалқаҳо мегузаштам, ман розигии одамонро мегирифтам. Агар намегузаштам, пас ҳамаи дигарон аз ман пештар мерафтанд.
Зиндагӣ ба намоиш табдил ёфт. Бояд ҷаҳида, аз ҳалқаҳо мегузаштам; дастаи футбол ё гурӯҳи мухлисонро ҷамъ мекардам, ё ба гурӯҳи аълохонон дохил мешудам. Ба донишгоҳи дуруст рафта, диплом мегирифтам. Ман баъзе корҳоеро кардам, ки мехостам накунам, лекин ҳамаи дигарон ин чизҳоро мекарданд—инак—бояд давом дода, умедвор мешудам, ки онҳоро фаромӯш мекунам. Бояд кори нағз ёфта, пули калон кор кунам. Дар вақти дуруст оиладор шавам, шумораи дурусти фарзандонро дошта бошам, хона харам—хонаи зебову калон ва мошини нағз. Фикр мекардам, ки монда шуда истодаам. Бояд аъзои клуб мешудам—на ягон клуб, балки клуби дуруст—меҷаҳидаму меҷаҳидам. Нафақа - ман бояд дар бораи нафақаам фирк кунам—саҳмияҳоро харида, фурӯшам—аз баъзе ноҳамвориҳо гузарам ва пеш равам, равам ва равам.
Ва ногаҳон ман дар назди ҳалқаи охирин меистам. Аммо он даврашакл нест, он чоркунҷа ва дар замин аст. Алаф дар канори кандашудааш тамом мешуд. Ҳамааш дар ин ҷо тамом мешавад.
Бо ман чӣ рӯй дода бошад? Ҳаёт набояд ин хел мегузашт. Шапараки хурд бо болҳои зебо ба куҷо нест шуд? Бо гулҳо чӣ шуд? Оё ман дар ҳақиқат хушбахт будам? Бо ҷони ман чӣ шуд? Оё ҳамаи ин барои ана ҳамин аст?
“Худоё, чӣ шуд?”
“Ман шодам, ки дар охир ту пурсидӣ” – Худо гуфт. “Ман туро ба қафо гирифта, нишон медиҳам, ки кадом чизҳо нодуруст буданд, ва агар ту роҳи маро интихоб мекардӣ, зиндагиат чӣ хел мешуд.”
“Вақте ки ту кӯдак будӣ, Ман бо ту будам. Ман барои ҳамаи кӯдакон ғамхорӣ мекунам. (Инҷили Матто 19:13-14) Шапараки хурдро бо болҳои зебояш дар хотир дорӣ?”
Вақте ки ман ин рӯзҳои поку пуршодро ба ёд меоварам, дилам дард мекард, чунки онҳо тамом шуданд ва барнамегарданд.
Худо давом дод: “Вақте фаро расид, ки ту барои қарорҳоят худат вазифадор бошӣ. Он баҳсеро бо модарат дар ёд дорӣ? Аз барои он ту худро бад ҳис кардӣ, лекин ту хатои кардагиатро қабул намекардӣ. Ту мехостӣ бо роҳи худат равӣ.”
“Ман кӯшиш кардам, ки туро боздорам. Дар хотир дорӣ, ки дӯсти наздиктаринат вафот кард? Он ҳисси танҳоӣ, ки дар он вақт доштӣ—ин ман будам, ки бо ту гап мезадам. Дар замири дилат ту медонистӣ, ки зиндагиат дуруст нест, лекин метарсидӣ, ки дигаргун шавӣ. Ту метарсидӣ, ки дӯстонат чӣ фикр мекунанд, ва аз барои ҳамин ба овозам гӯш накардӣ ва аз ман боз ҳам дуртар рафтӣ.”
Овози Худо таассуфовар шуд. “Ту солҳои дар донишгоҳатро дар ёд дорӣ?”
Ман илтиҷо кардам: “Оҳ! Худоё, онҳоро ба ёдам набиёр. Ман мехоҳам он рӯзҳоро фаромӯш кунам.”
Худо оромона гуфт: “Фаромӯш кардан гуноҳро нест намекунад. (Воиз 12:14) Ман бо хурсандӣ туро мебахшидам, агар ту хоҳиш мекардӣ—лекин ту ҳеҷ вақт хоҳиш накардӣ. (1-ум Юҳанно 1:9) Ҳар он лаҳзаҳое, ки ту худро танҳо ва андӯҳгин ҳис мекардӣ, ин ман будам, туро фарёд мекардам, лекин ту гӯш накардӣ. Дар хотир дорӣ, вақте ки ҳамон ҷои кори нағзро ба ту пешниҳод карданд? Муздаш калон буд, лекин он ба ту чизи мехостагиатро надод? (1-ум Тимотиюс 6:9) Ман кӯшиш кардам ба ту гӯям, ки пуррагию қаноатмандӣ фақат аз тарафи ман меояд. Якчанд маротиба ту фикр мекардӣ, ки бо роҳи ман равӣ, аммо он аз ҳад зиёд душвор менамуд ва ту бо роҳи худ мерафтӣ. Оҳ, кош ту ба назди ман меомадӣ, ман ба ту он чизҳоеро, ки ту меҷустӣ, медодам—оромӣ дар дилат, оромӣ дар хонаат ва боварӣ ба оянда.” (Инҷили Матто 11:28)
Дар давомаш Худо гуфт: “Ту бо корат ин қадар банд будӣ. Ман кӯшиш кардам бо ту дар вақти шоми салқину зебо гап занам, лекин ту намешунидӣ. Ман кӯшиш кардам диққати туро дар вақти тӯфон ҷалб кунам. Ман фикр доштам, ки ту ба ман гӯш мекунӣ, лекин ту намешунидӣ. Агар ту гӯш мекардӣ, ман ба ту ёрӣ мерасондам, ки мушкилӣ байни ту ва ҳамсарат ҳал шавад. Ин туро аз дарди зиёди дил халос мекард.” (1-ум Петрус 3:7)
“Агар ту дуо хонда, аз ман хираду ҳикматро хоҳиш мекардӣ, ман ба ту ёрдам мекардам, ки муносибат бо писарат хуб шавад. Ҳоло аҳвол тамоман дигар хел шуда метавонист. (Масалҳо 29:17) Лекин, не, ту бисёр банду серкор будӣ, хеле бохирад будӣ, хеле одами калон будӣ, ки ба назди ман биёӣ.”
Вақте ки Худо рӯяшро мегардонд, гуфт: “Ту ҳаётатро барои нозу хоҳишҳои худпарастат беҳуда сарф кардӣ ва акнун ту абадан гумшуда ҳастӣ.” Ва баъд ман ҳис кардам, ки аз Худо дуртару дуртар шуда истодаам.
Гумшуда—абадан гумшуда! Ин чӣ маъно дорад? Ин маънои аз Худо дур буданро дорад—абадан—дар ҷои азобу уқубат, ки барои шайтону девҳояш тайёр шудааст. (Инҷили Матто 13:41-42) Лекин ту инро тағир дода метавонӣ. Агар зиндагиат дуруст набошад, онро қабул кун. Ба сӯи Худо рӯй овар, барои гуноҳҳоят тавба кун ва хостатро ба Ӯ таслим кун. (Аъмол 2:37-38) Худо туро дӯст медорад ва мехоҳад туро бубахшад. (Инҷили Юҳанно 3:16) Нарх аллакай супорида шудааст. (Румиён 5:8-11) Исо ба ҷои ту дар салиб ҷон дод. Ӯ барои ту фидияро супорид, то ки ту наҷот ёбӣ. Ту метавонӣ дар дилат ва дар охир дар осмон сулҳу оромӣ дошта бошӣ. (Инҷили Юҳанно 14:1-3)
Ҳамаи ин дар бораи ҳамин аст.