Ҳаёти Масеҳӣ
Масеҳият дар Худо, Писари Ӯ Исои Масеҳ ва Китоби Муқаддас, ки Каломи Худо аст, асос ёфтааст. Масеҳӣ ин одаме аст, ки ба Китоби Муқаддас бовар мекунад ва аз рӯи таълимоти Исои Масеҳ зиндагӣ мекунад. Ин роҳи ҳаёт ба мо сулҳу осоиштагӣ ва хурсандӣ дар ин замин мебахшад ва моро барои хонаамон дар осмон тайёр мекунад.
Оё ту бахшида шудаӣ? Ояндаи абадиат аз ҷавоб ба ин саволи ҷиддӣ вобаста аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: “Касе одил нест, як нафар ҳам нест” (нома ба Румиён 3:10). Дар ояти 23-и ҳамин боб қайд шудааст “Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд”. Агар мо хоҳем, ки аз оқибати гуноҳ наҷот ёбем, мо бояд бахшиши Худоро ба даст биёрем. Рӯзе мо бо доварии Худованд дуҷор мешавем. “Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.” (2-юм нома ба Қӯринтиён 5:10).
Ман зиндагиамро хеле беташвиш ва дар хурсандӣ сар карда будам. Ман монанди шапараки хурд бо болҳои зебо будам ва дар пешам олами гулҳо буд. Вақте ки ман ба оянда нигоҳ мекардам, зиндагӣ аҷоиб менамуд. Дере нагузашта, фикрониам дигар шуд. Ман фаҳмидам, ки барои он ки одамон маро қабул кунанд ман бояд нақшеро бозам. Ҳаёт ба сирк монанд буд. Медидам, ки гӯё дар оянда ҳалқаҳои сирк кашол буданд ва ман бояд аз онҳо меҷаҳидам. Агар ман аз байни ҳалқаҳо мегузаштам, ман розигии одамонро мегирифтам. Агар намегузаштам, пас ҳамаи дигарон аз ман пештар мерафтанд.