Индекси ҷустуҷӯ бор карда мешавад…
Ҷустуҷӯҳои охирин нест
Ягон натиҷа барои "Query here"
Ҷустуҷӯ аз ҷониби FlexSearch
Саҳифае, ки шумо ҷустуҷӯ мекунед, вуҷуд надорад ё кӯчонида шудааст.
Мақсади Китоби Муқаддас дар он нест, ки ба шайтон ва корҳояш диққати моро ҷалб кунад. Лекин, мо бисёр чизҳоро дар Китоби Муқаддас мехонем, ки хислату корҳои шайтонро фош мекунад. Боре шайтон фариштае буд, лекин вай бар зидди Худо, офарандаи худ, исён кард ва мехост монанди Худо шавад. Тарзи кори подшоҳии торики шайтон нав нест. Давоми асрҳо кӯшиши вай дар рақобат кардан бо Подшоҳии Худо буд. Вай ба ҷои он чизҳое, ки Худо ба воситаи қуввати Рӯҳи Муқаддас иҷро мекунад, чизҳои қалбакӣ пешниҳод мекунад.
Инҷили Юҳанно 10:1-18 Ягон бор шунидаӣ, ки ягон одам номи туро фарёд мекард, лекин намедонистӣ овозаш аз куҷо меомад? Ё шояд овозашро ба зӯр мешунидӣ, чунки дар гирду атрофат ғалоғулаи зиёд буд. Гӯш кун, овозе туро фарёд мекунад. Туро! Ту кӣ ҳастӣ? Номи ту чист? Ту аз куҷо омадӣ? Ту дар куҷо зиндагӣ кардӣ? Ту ба куҷо меравӣ? Ту номи деҳаатро медонӣ. Шояд дар ягон ҷои дигар ҳеҷ вақт набудӣ. Аммо медонӣ, ки деҳаат қисми кишвари калон аст ва ҳама кишварҳо қисми ҷаҳони бузург аст.
Масеҳият дар Худо, Писари Ӯ Исои Масеҳ ва Китоби Муқаддас, ки Каломи Худо аст, асос ёфтааст. Масеҳӣ ин одаме аст, ки ба Китоби Муқаддас бовар мекунад ва аз рӯи таълимоти Исои Масеҳ зиндагӣ мекунад. Ин роҳи ҳаёт ба мо сулҳу осоиштагӣ ва хурсандӣ дар ин замин мебахшад ва моро барои хонаамон дар осмон тайёр мекунад.