масилаҳо
Нури ҷаҳон
Китоби Муқаддас каломи Худо ва ҳақиқати абадӣ аст. Дар он таърихи офариниш, беитоатии одам ба Худо ва азобу уқубате, ки ба сари одам аз барои гуноҳ омад, нақл шуда аст. Инчунин он дар бораи муҳаббати Худо ба одамизод ва нақшааш барои наҷот додани он нақл мекунад. Китоби Муқаддас дар бораи он нақл мекунад, ки Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, барои гуноҳи одамон ҷон дод ва барои наҷоти онҳо аз мурдагон зинда шуд. Ҳар касе ки ба паёми он бовар кунад, гуноҳҳояш бахшида мешавад, дилу ақлаш бо оромӣ ва нисбати ҳама одамон бо муҳаббат пур мешавад, аз болои гуноҳ қувват пайдо мекунад ва соҳиби умеди ҳаёти абадӣ мешавад.
Ту хушбахт ҳастӣ? Ҳисси тарс ва айби гуноҳ метавонад хурсандии туро нест кунад. Шояд ту дар фикри он ҳастӣ, ки чӣ тавр хушбахт бошӣ. Ман бароят хабари хуш дорам! Шахсе ҳаст, ки ба ту ёрдам карда метавонад. Ӯ метавонад гуноҳҳоятро бубахшад ва ба ту хушҳолии бепоён диҳад. Номаш Исо аст. Ман ҳоло ба ту дар бораяш нақл мекунам. Падари ӯ Худо аст, ки тамоми ҷаҳонро офаридааст. Ӯ ҳама чизҳоеро, ки дар ҷаҳон ҳаст, ба вуҷуд овард. Ӯ ману туро офарид.
Тарс чӣ аст? Тарс аз Худо Тарс аз оянда Тарс аз нокомшавӣ Тарс аз азобкашӣ Тарс аз марг Тарс душмани ниҳон аст ва одамони ҳар синну сол ва миллат, ҳар сатҳи зиндагиро гирифтор мекунад. Тарс ҳилагар ва барбоддиҳанда аст, он фикронии моро заҳролуд мекунад, осоиштагии дарунии моро медуздад ва шавқу таъми зиндагиро нобуд мекунад. Тарс моро асабонӣ, нороҳат, серташвиш, пурҳаяҷон, ғамгин ва беҷуръат мекунад; чӣ гуна ҳиссиёти нохушу номатлуб!
Ту ягон бор фикр кардаӣ: “Агар ман пурра озод мешудам, ман хушбахт мебудам; он вақт ман ором мешудам?” Одамони зиёд озодии пурраро меҷӯянд, то ки оромӣ ва хушбахтӣ дошта бошанд. Одамон мехоҳанд аз ҳама гуна маҳдудиятҳо озод бошанд, чунки онҳо бовар мекунанд, ки агар онҳо ҳар чизи мехостагиашонро карда тавонанд, пас ин ба онҳо хушбахтӣ меорад. Оё ин дар ҳақиқат хушбахтӣ меорад?
Вақте ки мо дар бораи ояндаи худ фикр мекунем, ҳатман фикр пайдо мешавад, ки оё баъд аз маргамон чӣ рӯй медиҳад. Одам наметавонад аз фикрҳое халос шавад, ки баъд аз мурданаш қисматаш чӣ мешавад, лекин одатан ин фикрҳоро аз сараш дур мекунад. Одам худро бо ташвиши зиндагӣ овора мекунад ва фикрҳоро дар бораи марг, осмон ва дӯзах ба ояндаи дур мегузорад (Инҷили Матто 24:48, Воиз 8:11). Лекин воқеият дар он аст, ки мо бояд интихоб кунем. Агар ҳеҷ кореро накунем, ин моро ба нобудшавии абадӣ мебиёрад.
Оё ту бахшида шудаӣ? Ояндаи абадиат аз ҷавоб ба ин саволи ҷиддӣ вобаста аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: “Касе одил нест, як нафар ҳам нест” (нома ба Румиён 3:10). Дар ояти 23-и ҳамин боб қайд шудааст “Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд”. Агар мо хоҳем, ки аз оқибати гуноҳ наҷот ёбем, мо бояд бахшиши Худоро ба даст биёрем. Рӯзе мо бо доварии Худованд дуҷор мешавем. “Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.” (2-юм нома ба Қӯринтиён 5:10).
Пеш аз оғози вақт фақат Худо, Писараш Исо ва Рӯҳи Муқаддас буд. Худо ҷаҳон ва ҳар чизеро, ки дар он ҳаст, офарид. Худо аз рӯи муҳаббаташ одамро ба сурату шабоҳати худ офарид ва ӯро дар боғи зебо гузошт. Одам ба дастури Худо беитоатӣ кард. Ин беитоатӣ гуноҳ буд ва одамро аз Худо ҷудо кард. Худо ба одам гуфт, ки онҳо барои гуноҳҳояшон бояд ҳайвонҳои хурду бенуқсонро қурбонӣ кунанд. Ин қурбониҳо барои гуноҳашон подош намедоданд, лекин фақат ба қурбонии ниҳоӣ, ки Худо бояд меовард, нишон медод. Рӯзе Худо Писараш Исоро ба замин фиристод, то ки қурбонии пурра ва охирин барои гуноҳҳои тамоми одамизод шавад.
Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: “Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чӣ дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд.” (Ваҳӣ 20:12). Ин исботи он аст, ки Худо аъмоли моро менависад.
Дар Китоби Муқаддас барои мо нақшаи хонадон дода шудааст, ки зебо ва мустаҳкам сохта шудааст ва муҳити форам дорад. Хона метавонад ҷои хушоҳангию хушнудӣ бошад ё ҷои фишору ҷанҷол бошад. Оё хонаи ту хушбахту мустаҳкам аст ва аз тӯфонҳои зиндагӣ гузашта метавонад? Хона қисми муҳими ҷомеа аст. Худо онро барои рушди рӯҳонӣ, хушбахтии эҳсосӣ ва қаноатмандии ҷисмониамон таъин кардааст. Нақшаи Худо ҳама вақт он буд, ки аъзоёни хонавода ба якдигариашон хурсандӣ биёранд ва оила бояд дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад.
Ҳар одам чизеро парастиш мекунад. Баъзе одамон ашёҳоро парастиш мекунад, баъзеҳо одамро ситоиш мекунад, баъзеҳо суратро ва дигарон худашонро парастиш мекунанд. Онҳо садоқати худро ба худояшон бо роҳҳои гуногун изҳор мекунанд. Одамони зиёд ба худоҳояшон хизмат мекунанд, лекин дар дилашон ба ҳар ҳол ташнагӣ ва фарёде ҳаст. Ин одамон барои доди ҷонашон фақат сабукии муваққатӣ ёфта метавонанд ва барои рӯ ба рӯ шудан бо оянда ҷуръати кам доранд. Онҳо ноумед мешаванд, лекин ояндаи онҳо аз гузаштаашон фарқ намекунад. Он худое, ки онҳо ба он хизмат мекунанд, наметавонад холигии зиндагиашонро пур кунад.