Одамон дилхаста ва пуризтироб ҳастанд. Бешубҳа одамон мӯҳтоҷи роҳнамоӣ, маслиҳат, бехатарӣ ва дилпурӣ ҳастанд. Мо мӯҳтоҷу хоҳони оромии ҷонӣ ҳастем. Оромии ҷонӣ—чӣ ганҷе аст! Оё ин ганҷро дар ҷаҳоне, ки он қадар низоъ, ноумедӣ, бетартибӣ ва нороҳатӣ зиёд аст, ёфтан мумкин аст? Одам дар парешонӣ ва бесарусомонӣ Ҳатто агар ту нафаҳмидӣ ё қабул накардӣ, лекин гуноҳ метавонад сабаби ташвишу нооромии ту бошад. Одамони бисёр оромиро дар байни чизҳои берунӣ ва моддӣ меҷӯянд. Онҳо олами серташвишро барои ақли серташвишашон айбдор мекунанд. Лекин онҳо ба даруни дилашон нигоҳ намекунанд. Исои Масеҳ, Мири осоиштагӣ Тавба ба ҷонамон оромӣ мебиёрад Оромии доимӣ
Ҳоло ту зинда ҳастӣ, ту нафас мекашӣ, ҳаракат мекунӣ ва кор мекунӣ. Шояд ту дар шароити бароҳат ё дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунӣ. Офтоб ҳамеша тулӯъ ва ғуруб мекунад; дар ҷое кӯдак таваллуд мешавад; лекин дар ҷои дигар нафаре вафот мекунад. ТАМОМИ ЗИНДАГӢ ФАҚАТ АНДОЗАИ МУВАҚҚАТӢ АСТ. АММО, БАЪД АЗ МАРГАТ ТУ БА КУҶО МЕРАВӢ? Новобаста аз он, ки ту диндор бошӣ, ё ба ягон дин эътиқод надошта бошӣ— Ту ба ҳар ҳол ба ин саволи аз ҳама муҳим бояд ҷавоб диҳӣ, чунки баъд аз зиндагии кӯтоҳи заминӣ ҳар инсон ба тақдири абадиаш меравад. (китоби Воиз 12:5) ЛЕКИН БА КУҶО? ЛЕКИН—
Инҷили Юҳанно 10:1-18 Ягон бор шунидаӣ, ки ягон одам номи туро фарёд мекард, лекин намедонистӣ овозаш аз куҷо меомад? Ё шояд овозашро ба зӯр мешунидӣ, чунки дар гирду атрофат ғалоғулаи зиёд буд. Гӯш кун, овозе туро фарёд мекунад. Туро! Ту кӣ ҳастӣ? Номи ту чист? Ту аз куҷо омадӣ? Ту дар куҷо зиндагӣ кардӣ? Ту ба куҷо меравӣ? Ту номи деҳаатро медонӣ. Шояд дар ягон ҷои дигар ҳеҷ вақт набудӣ. Аммо медонӣ, ки деҳаат қисми кишвари калон аст ва ҳама кишварҳо қисми ҷаҳони бузург аст. Китоби Муқаддас Худо Бегона - овози дигар Исо - овози чӯпон
Ҳаёт моро бисёр вақт ба нуқтае мебиёрад, ки мо бояд қарор қабул кунем. Дар ҳақиқат, мо ҳар рӯз интихобҳои гуногун мекунем. Баъзе интихобҳоро мо бо фикру мулоҳизаи хеле кам мекунем. Дар ҳолатҳои дигар интихобамон фикру андешаҳои зиёд талаб мекунад. Одамон интихобҳои муҳимро бо эҳтиёткории зиёд қабул мекунанд. Савол дар он аст, ки барои шумо чӣ муҳим аст? Вақте ки Худо одамро офарид, ба ӯ бартарии интихоб карданро бахшидааст. Мо наметавонем аз ин масъулият ва ё аз натиҷаҳои интихобамон саркашӣ кунем, чунки бисёр интихобҳо оқибати абадӣ дорад. Интихоби ин ҷаҳон бо тамоми ҳаловатҳояш бо ҳалокат тамом мешавад (2-юм номаи Петрус 3:10-11).
Исо дӯсти ту аст Ман дӯсте дорам. Ӯ дӯсти беҳтарин аз байни ҳамаи дӯстоне, ки ман пеш аз он доштам. Ӯ он қадар некдилу вафодор аст ва ман мехоҳам, ки ту низ бо Ӯ шинос шавӣ. Номаш Исо. Аҷоибаш он аст, ки Ӯ мехоҳад дӯсти ту шавад. Биё ман ба ту дар бораяш нақл кунам. Мо дар бораяш дар Китоби Муқаддас хонда метавонем. Китоби Муқаддас ҳақиқат аст. Он Каломи Худо аст. Худо тамоми ҷаҳону ва ҳар чизеро, ки дар он аст, офарид. Ӯ Худованди осмону замин аст. Ӯ ба ҳама чиз ҳаёту нафас мебахшад.
Замоне дар ҷаҳонамон чизе набуд. На моҳӣ. На ситораҳо дар осмон. На баҳр, на гулҳои зебо. Ҳамааш холӣ ва торик буд. Лекин Худо буд. Худо нақшаи бисёр хуб дошт. Ӯ дар бораи олами дилрабо фикр мекард ва дар бораи он фикр карда, онро сохт. Онро аз ночиз офарид. Вақте ки Худо чизеро месохт, Ӯ фақат мегуфт: “Бигзор ин бошад” ва он пайдо мешуд! Ӯ нурро офарид. Ӯ дарё ва баҳрҳо, замини сералаф, ҳайвонҳо, паррандаҳою дарахтонро офарид. Дар охир Худо одамро офарид ва баъд барои ӯ занро сохт. Номашон Одаму Ҳавво буд.
Фаҳмидани усулҳои шайтон ба воситаи рӯшноии Каломи Худо Мақсади Китоби Муқаддас дар он нест, ки ба шайтон ва корҳояш диққати моро ҷалб кунад. Лекин, мо бисёр чизҳоро дар Китоби Муқаддас мехонем, ки хислату корҳои шайтонро фош мекунад. Боре шайтон фариштае буд, лекин вай бар зидди Худо, офарандаи худ, исён кард ва мехост монанди Худо шавад. Тарзи кори подшоҳии торики шайтон нав нест. Давоми асрҳо кӯшиши вай дар рақобат кардан бо Подшоҳии Худо буд. Вай ба ҷои он чизҳое, ки Худо ба воситаи қуввати Рӯҳи Муқаддас иҷро мекунад, чизҳои қалбакӣ пешниҳод мекунад. Ҷойҳои Навиштаҷот барои хондани иловагӣ:
Масеҳият дар Худо, Писари Ӯ Исои Масеҳ ва Китоби Муқаддас, ки Каломи Худо аст, асос ёфтааст. Масеҳӣ ин одаме аст, ки ба Китоби Муқаддас бовар мекунад ва аз рӯи таълимоти Исои Масеҳ зиндагӣ мекунад. Ин роҳи ҳаёт ба мо сулҳу осоиштагӣ ва хурсандӣ дар ин замин мебахшад ва моро барои хонаамон дар осмон тайёр мекунад. Худо Падар Офариниш ва ба гуноҳ афтодани одамизод Худо Писар Худо Рӯҳи Муқаддас Китоби Муқаддас Зиндагӣ кардани ҳаёти масеҳӣ Баъд аз марг
Дар муҷассамаи Тоқи нусрат дар шаҳри Париж рӯйхат и ҳамаи муҳорибаҳои Наполеон, ки ӯ дошту дар он ғолиб баромад, навишта шудааст. Лекин дар он як муҳорибаи бисёр муҳим нест. Бале, дуруст! Задухӯрди таърихии Ватерлоо. Дар он Наполеон мағлуб шуд. Бахташ аз вай дур шуд. Ғурураш шикаст ёфт, чунки вай дар ин муҳорибаи бениҳоят муҳим мағлуб шуд. Баъд аз он ӯ бадарға шуд ва мисли одами манфур мурд.
Муҳаббат… ин калимаи зебо дар ҳар забон аст. Муҳаббат ба ёди мо чӣ мебиёрад: дилбастагӣ, ғамхорӣ, гармӣ, некдилӣ, якдигарфаҳмӣ, бехатарӣ ё модар? Лекин худат фикр кун, ки ин калимаи зебо дар ҳақиқат чӣ маъно дорад? Ту мехоҳӣ, ки туро дӯст доранд? Ту дӯст медорӣ? Баъзе аз муқобили муҳаббат инҳоянд: нафрат, нобоварӣ, худпарастӣ ва ҷанг. Агар мо ба вазъиятҳои зиёди ин ҷаҳон ва аксари оилаҳо нигоҳ кунем, мо мефаҳмем ки одамон сахт мӯҳтоҷи муҳаббат ҳастанд. Агар дар ҷустуҷӯат ба ту кӯмаки зиёдтар лозим бошад, ба суроғае, ки дар саҳифаи охирини ин китобча қайд шудааст, мактуб навис. 1-ум Қӯринтиён 13:1-8, 13
Нури ҷаҳон Офариниши аҷоиби Худо Худо дид, ки ба одам мададгор лозим аст ва барои ҳамин хоби сахте бар одам овард. Баъд Худо яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт ва аз он зане сохт. Одам Ҳавворо дӯст дошт ва Ҳавво ҳам ӯро дӯст медошт. Онҳо бо якдигарашон муносибати ширин доштанд. Ин нақшаи Худо барои оила буд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи фариштаи афтода номаш шайтон ё иблис нақл мешавад. Ӯро аз осмон рондаанд ва ӯ боиси тамоми зулмот аст. Ғаму андӯҳ, азобу уқубат, беморӣ ва марг аз барои ӯ ба ҷаҳон омад. Оғози фоҷиабори гуноҳ Натиҷаи ғамгиновари гуноҳ
Ман бароят хабари хуш дорам! Шахсе ҳаст, ки ба ту ёрдам карда метавонад. Ӯ метавонад гуноҳҳоятро бубахшад ва ба ту хушҳолии бепоён диҳад. Номаш Исо аст. Ман ҳоло ба ту дар бораяш нақл мекунам. Падари ӯ Худо аст, ки тамоми ҷаҳонро офаридааст. Ӯ ҳама чизҳоеро, ки дар ҷаҳон ҳаст, ба вуҷуд овард. Ӯ ману туро офарид. Исо мехост, ки мо он муҳаббати бузургеро, ки Падараш ба ману ту дорад, шиносем. Дар суханонаш ӯ муҳаббати Падарашро ба мо кушод. Ту метавонӣ онро дар Китоби Муқаддас дар Инҷили Луқо 15:11-24 хонӣ.
Тарс чӣ аст? Тарс аз Худо Тарс аз оянда Тарс аз нокомшавӣ Тарс аз азобкашӣ Тарс аз марг Тарс чӣ аст Тарс душмани ниҳон аст ва одамони ҳар синну сол ва миллат, ҳар сатҳи зиндагиро гирифтор мекунад. Тарс ҳилагар ва барбоддиҳанда аст, он фикронии моро заҳролуд мекунад, осоиштагии дарунии моро медуздад ва шавқу таъми зиндагиро нобуд мекунад. Тарс моро асабонӣ, нороҳат, серташвиш, пурҳаяҷон, ғамгин ва беҷуръат мекунад; чӣ гуна ҳиссиёти нохушу номатлуб! Худотарсӣ Тарс аз оянда Тарс аз нокомшавӣ Тарс аз азобкашӣ Тарси марг Тарси марг барои одамизод бисёр одатӣ аст. Видоъ гуфтан вазифаи душвортарин аст.
Ту ягон бор фикр кардаӣ: “Агар ман пурра озод мешудам, ман хушбахт мебудам; он вақт ман ором мешудам?” Одамони зиёд озодии пурраро меҷӯянд, то ки оромӣ ва хушбахтӣ дошта бошанд. Одамон мехоҳанд аз ҳама гуна маҳдудиятҳо озод бошанд, чунки онҳо бовар мекунанд, ки агар онҳо ҳар чизи мехостагиашонро карда тавонанд, пас ин ба онҳо хушбахтӣ меорад. Оё ин дар ҳақиқат хушбахтӣ меорад? Нашъа, доруҳои мухаддир ва дигар маводи мухаддир лаззати аҷабро ваъда медиҳанд. Албатта, мо фикр мекунем, ки он хушбахтӣ мебахшад ва ҳамроҳи ин хушбахтӣ оромӣ мебиёяд. Оё ин рост аст?
Ояндаи ту чӣ мешавад? Вақте ки мо дар бораи ояндаи худ фикр мекунем, ҳатман фикр пайдо мешавад, ки оё баъд аз маргамон чӣ рӯй медиҳад. Одам наметавонад аз фикрҳое халос шавад, ки баъд аз мурданаш қисматаш чӣ мешавад, лекин одатан ин фикрҳоро аз сараш дур мекунад. Одам худро бо ташвиши зиндагӣ овора мекунад ва фикрҳоро дар бораи марг, осмон ва дӯзах ба ояндаи дур мегузорад (Инҷили Матто 24:48, Воиз 8:11). Лекин воқеият дар он аст, ки мо бояд интихоб кунем. Агар ҳеҷ кореро накунем, ин моро ба нобудшавии абадӣ мебиёрад. Фақат ду қисмат ҳаст Осмон—хона барои ҳамаи наҷотёфтагон Осмон—ҷои нур
Омурзиши гуноҳҳо ба воситаи хуни Масеҳ “Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок.” (1-ум номаи Петрус 1:18-19). Бахшиши мо ба воситаи марги Масеҳ ва рехтани хунаш барои гуноҳҳои одамизод меояд (нома ба Ибриён 9:22). Биёед қайд кунем, ки аз барои гуноҳҳоямон мо сазовори марги абадӣ будем. Лекин аз барои марҳамату муҳаббаташ нисбати мо Исо ба ҷои мо ҷон дод, то ки мо бахшида шавем ва гуноҳҳои мо рӯпӯш шаванд. Нобахшиш ғуломӣ мебиёрад Бахшиши бешарт
Марям ва фаришта Баъд аз чор ҳазор сол зани ҷавон номаш Марям дар шаҳри Носира зиндагӣ мекард. Ӯ бо Юсуф барои оиладор шудан номзад шуда буд. Рӯзе фаришта ба Марям зоҳир шуду гуфт, ки ӯ кӯдаки махсусро таваллуд мекунад ва ӯро бояд Исо ном монад. Ин кӯдак падари заминӣ надошт. Ӯ Писари Худо буд. Таваллуди Исо Чӯпонон Ситорашиносон Сабаби тӯҳфаи Худо
Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: “Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чӣ дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд.” (Ваҳӣ 20:12). Ин исботи он аст, ки Худо аъмоли моро менависад. *** (ӮТОҚ) Лекин баъдтар вақте ки ман чашмонамро тоза кардам, ман Ӯро дидам. Не, илтимос на Ӯ. На дар ин ҷо. Оҳ, ҳар каси дигар, лекин Исо не. ***
Хонаи азиз Дар Китоби Муқаддас барои мо нақшаи хонадон дода шудааст, ки зебо ва мустаҳкам сохта шудааст ва муҳити форам дорад. Хона метавонад ҷои хушоҳангию хушнудӣ бошад ё ҷои фишору ҷанҷол бошад. Оё хонаи ту хушбахту мустаҳкам аст ва аз тӯфонҳои зиндагӣ гузашта метавонад? Хона қисми муҳими ҷомеа аст. Худо онро барои рушди рӯҳонӣ, хушбахтии эҳсосӣ ва қаноатмандии ҷисмониамон таъин кардааст. Нақшаи Худо ҳама вақт он буд, ки аъзоёни хонавода ба якдигариашон хурсандӣ биёранд ва оила бояд дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад. Чаро баъзе хонаводаҳо бадбахтанд Оиладор шудан дар Худованд Тартиби Худо Ҷои кӯдакон Масеҳ таҳкурсӣ аст
Ҳар одам чизеро парастиш мекунад. Баъзе одамон ашёҳоро парастиш мекунад, баъзеҳо одамро ситоиш мекунад, баъзеҳо суратро ва дигарон худашонро парастиш мекунанд. Онҳо садоқати худро ба худояшон бо роҳҳои гуногун изҳор мекунанд. Одамони зиёд ба худоҳояшон хизмат мекунанд, лекин дар дилашон ба ҳар ҳол ташнагӣ ва фарёде ҳаст. Ин одамон барои доди ҷонашон фақат сабукии муваққатӣ ёфта метавонанд ва барои рӯ ба рӯ шудан бо оянда ҷуръати кам доранд. Онҳо ноумед мешаванд, лекин ояндаи онҳо аз гузаштаашон фарқ намекунад. Он худое, ки онҳо ба он хизмат мекунанд, наметавонад холигии зиндагиашонро пур кунад.
Ман зиндагиамро хеле беташвиш ва дар хурсандӣ сар карда будам. Ман монанди шапараки хурд бо болҳои зебо будам ва дар пешам олами гулҳо буд. Вақте ки ман ба оянда нигоҳ мекардам, зиндагӣ аҷоиб менамуд. Дере нагузашта, фикрониам дигар шуд. Ман фаҳмидам, ки барои он ки одамон маро қабул кунанд ман бояд нақшеро бозам. Ҳаёт ба сирк монанд буд. Медидам, ки гӯё дар оянда ҳалқаҳои сирк кашол буданд ва ман бояд аз онҳо меҷаҳидам. Агар ман аз байни ҳалқаҳо мегузаштам, ман розигии одамонро мегирифтам. Агар намегузаштам, пас ҳамаи дигарон аз ман пештар мерафтанд. “Худоё, чӣ шуд?”
Ҷон Рэйнолдс Яке аз ҳодисаҳои шавқовартарин дар бораи эҳё шудани одам, ки ман шунида будам, ин саргузашти аспдузди маъруф дар ноҳияи Ҷефферсон бо номи Ҷорҷ Леннокс аст. Ӯро дуюм маротиба ба ҳабсхона маҳкум карда буданд. Якум маротиба ӯро дар ноҳияи Седҷвик барои айни ҳамон ҷиноят – аспдӯздӣ – ба зиндон маҳкум карда буданд. Қисми аҷоибтарини саргузашташ дар вақти мурда буданаш рӯй дод. Ман пештар хабарнигори стенографист кор кардам ва ҳодисаашро калима ба калима навиштам. Мо ба хонанда нақли Ленноксро чӣ тавре, ки шунидем, он хел расондем. Бигзор Худо ин саргузаштро баракат диҳад, то ки бисёр одамони гумшударо бедор кунад.
Рӯзе Исо бо дӯстонаш сафар мекард. Ӯ ба як қишлоқи Сомарӣ омад. Исо дар назди чоҳ барои истироҳат нишаст ва дӯстонаш барои нон харидан рафтанд. Ҳангоме ки Исо дар он ҷо менишаст, як зан барои об гирифтан ба назди чоҳ омад. Исо ба вай гуфт: “Ба ман об дода метавонӣ?” Ин зан ҳайрон шуд. “Ту аз ман об пурсидӣ?” вай дар ҳайрат аз Исо пурсид. “Намедонӣ, ки ман сомарӣ ҳастам ва яҳудиён бо мо тамоман рафтуомад намекунанд?” Исо гуфт: “Рафта, шавҳаратро фарёд кун ва гашта биё”. “Ман шавҳар надорам” зан ҷавоб дод. Пас Исо ба вай гуфт: “Он кас Манам”.